Доварон ҳал карданд: дидори Токов ва Давлатмуродов дар Bellator чӣ тавр поён ёфт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкММА Бой
ММА Бой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Обуна шудан
Дидори ду дӯст дар майдони набард душвор ба назар мерасид, аммо пас аз ҷанг онҳо ягдигарро ба оғӯш гирифтаву хандиданд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тайи рӯзҳои истироҳатӣ набарди Анатолий Токови рус ва зодаи Тоҷикистон Шараф Давлатмуродов баргузор шуд.
Дидор се давр давом кард, ғолибро бошад, доварон муайян карданд.
Рақобат дар фурсати аввал ба таври эҳтиёткорона идома ёфт, аммо Шараф дар идомаи сонияҳои даври аввал зери абрӯвони рақибашро шикаст.
Пас аз он Токов размкори тоҷикро ба дом андохт ва хост буғӣ кунад, аммо Давлатмуродов истодагарӣ кард ва онҳо танаффус рафтанд.
Ҳангоми мубориза ташаббуси рақобат ҳар вақт аз яке ба дигаре аз паҳлавонон мегузашт.
Дар даври ниҳоӣ, як дақиқа пеш аз хатм Токов як партоби хатарнок анҷом дод, аммо Давлатмуродов тавонист аз ҷой бархезад ва партоби ҷавобиро анҷом диҳад.
Пирӯзӣ бо ҳисоби - 29:28, 29:28, 28:29 насиби паҳлавони рус шуд.
Лентаи хабарҳо
0