“Душмани фарзӣ”: СПАД бо террористон чӣ гуна меҷангад?

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкУчения сил ОДКБ в Таджикистане
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Обуна шудан
Гурӯҳи нерӯҳои вокуниши сареи Созмони ПаймониАмнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) як амалиёти саркӯби душмани фарзӣ дар ҷануби Тоҷикистонро ба поён расонд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ин амалиёт дар доираи размоишҳои нерӯҳои хоси кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки як гурӯҳи вижа ба номи нерӯҳои вокуниши сареъ (НВС) низ дорад, тӯли 6 рӯз - аз 18 октябр то 23 октябр ҷараён дошт.
Ба қавли Евгений Поплавский, муовини фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии низомии Русия ва масъули амалиёт, гӯё ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”* ба қаламрави Тоҷикистон аз Афғонистон ворид шуда, ба манзури таъсиси як давлати ҷаълӣ як шаҳракро ишғол мекунанд.
Учения ОДКБ Боевое братство – 2021 в Таджикистане
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Барои дифоъ омодаанд: машқҳои СААД дар марзи Афғонистон - видео
Дар чунин ҳол “вазифаи нерӯҳои вокуниши сареи СПАД ин аст, ки ин гурӯҳро хунсо кунанд ва дар ҳоли таслим нашудан ҳеҷ якеро нагузорад, ки майдонро зинда тарк кунад”, - гуфт Евгений Поплавский.

Девори оташин

Соати 10-и 23 октябр амалиёт алайҳи душмани фарзӣ шуруъ шуд. Дар оғози иқдомоти амалии нерӯҳо дар маҳалли омӯзиши Ҳарбмайдон як ҷуфт ҳавопаймои Л-39-и нерӯи ҳавоии Тоҷикистон ва ҳамчунин як ҳавопаймои иктишофии СУ-24МР-и Русия амалиёти иктишоф (разведка)-и ҳавоии минтақаро анҷом дода, кашф карданд, ки қаторҳои "ҷангҷӯён" дар ҳоли убур аз марзи Афғонистон ҳастанд.
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Дуду хока: аксҳои ҷолиб аз машқҳои низомӣ дар сарҳади Афғонистон
Барои ҷилавгирӣ аз пешравии бештари душмани фарзӣ дар минтақа гурӯҳҳои нерӯҳои вижаи низомии Русияву Тоҷикистон аз чархболҳои МИ-8 фуруд омаданд ва имкон фароҳам сохтанд, ки қатори аввали нерӯҳои вижа пеш раванд.
Ҳамзамон ду ҷуфт ҳавопаймои таҳоҷумии русии СУ-25 бо мушакҳои идоранашаванда ба сӯйи душмани дар ҳоли пешравӣ ҳамлаи ҳавоии гурӯҳӣ анҷом доданд. Дар хатти дифоӣ бо душмани фарзӣ як ротаи гурӯҳи тактикии Пойгоҳи низомии 201 ва ротаи тирандозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вориди набард шуданд.
Дар ростои пешравии нерӯҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ воҳидҳои муҳандисии нерӯҳои ҷамъӣ девори оташинеро ба тӯли 500 метр эҷод карданд. Барои аз байн бурдани "ҷангиён"-е, ки дар сабукравҳо буданд, неруҳои тӯпхонаи Русия ва Тоҷикистон аз усули суриягии "пироги пуфӣ" кор гирифтанд.
Командующий войсками Центрального военного округа РФ, генерал-лейтенант Александр Лапин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Лапин машқҳои СААД дар тамрингоҳҳои Тоҷикистонро чораҳои ҷавобӣ ба Афғонистон номид
Худравҳои зиреҳии ҳамаҷогарди террористҳо тавассути мушакҳои ҳидоятшавандаи зиддитонк аз байн бурда шуданд. Ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини "душман" тавассути мушакҳои зиддиҳавоии "Верба" ва дастаи тӯпхонаи зиддиҳавоии ЗУ-23-и Пойгоҳи низомии 201 ва таъсисоти зиддиҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ноком гардид.
Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёт аз оташи шуълаафкан (огнемет)-ҳои дурбурди пиёданизом ва бо зӯри РПО-ПДМ-А нерӯи инсонӣ таҷҳизот ва нуқоти шиллики "ҷангиён" маҳв гардид.

“Чархофалаки болгардӣ”

Ба манзури ҷилавгирӣ аз гузариши эҳтимолии душман аз ақиби воҳидҳои пешрав нерӯҳои тактикии десанти ҳавоии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Беларус ва Қазоқистон фуруд омаданд.
Фуруди нерӯҳои тактикии десанти ҳавоиро ду ҷуфт чархболи нақлиётӣ-ҷангии МИ-8-и Русия ва Тоҷикистон анҷом доданд. Як ҷуфт болгарди кӯмаки оташии МИ-24 аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва як ҷуфт чархболи МИ-24-и нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пӯшиши ҳавоӣ барои фуруди нерӯҳои тактикӣ ҳамлаи ҳавоиро фароҳам карданд.
Реактивная система залпового огня (РСЗО) БМ-21 Град  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Билет ба як самт - таҳдиди генерали рус ба террористҳои афғон
Барои такмили шикасти душмани фарзӣ пас аз ошкор ва масдуд кардан гурӯҳи манёврии ҷанги радиоэлектронии пойгоҳи низомии 201, ки бо системи ҷангии радиоэлектронии муосир "Борисоглебск-2" муҷаҳҳаз аст, воҳидҳои эшелони дувуми нерӯҳои ҷамъӣ ба унвони бахше аз воҳидҳои Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон ворид ҷанг шуданд.
Як ҷуфт чархболи МИ-24-и русӣ бо усули тактикии "чархофалаки болгардӣ", ки бо муваффақият дар Сурия мавриди истифода қарор гирифта буд, бо оташ воҳидҳои муҳоҷимро пуштибонӣ кард.

“Анҷоми амалиёт”

Дар ҷараёни иқдомоти амалӣ аз сӯйи воҳидҳои эшелони ду ба душмани шартӣ аз тариқи ҳавопаймои муҳоҷими СУ-25 аз мушак (ракета)-ҳои авиатсионии ҳидоятнашавандаи С-8КОМ зарба ворид шуд ва бо кӯмаки системҳои ҷанги радиоэлектронии иртиботот дар минтақаи ҷанг масдуд гардид.
Фуруди нерӯҳои десантиро воҳидҳои қувваҳои ҳавоӣ-десантии Русия ва нерӯҳои амалиёти вижаи Белорус анҷом доданд.
Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Шералӣ Мирзо машқҳои дуҷониба бо Русияро арзёбӣ кард
Нобудии гурӯҳе аз "ҷангиён"-ро низомёни Белорус бо истифода аз силоҳҳои сабук ва норинҷакандозҳо анҷом доданд. Илова бар ин воҳиди вижаи “Алфа” ба иттифоқи як гурӯҳи махсуси милисаи Тоҷикистон вазифаи масдуд ва озод кардани шаҳрак аз дасти ҷангиёни шартиро анҷом доданд.
Дар поёни иқдомоти амалӣ десантҳои неруҳои мусаллаҳи Русия ва Белорус бо душмани дар ҳоли ақибнишинӣ вориди ҷанг шуда, хурӯҷи онро ба сӯи марзҳои давлатӣ масдуд карданд.
Пас аз итмоми шикасти "душман" воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон барои аз байн бурдани оқибатҳои набард ва кумак ба маҷрӯҳон вориди саҳна шуданд.
Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Шералӣ Мирзо дар бораи "Толибон"* ва вазъи Афғонистон тунд гуфт
Размоиши муштараки нерӯҳои вокуниши сареи ҷамъии СПАД дар маҳалли тамринҳои Ҳарбмайдон, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон баргузор шуданд. Ин маҳал дар 170-километрии Душанбе ва 25-километрии марзи Афғонистон ҷойгир аст.
Дар размоиш бо ҳузури нерӯҳои низомии Русия, Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва як гурӯҳи амалиётӣ аз Арманистон, дар умум 4 ҳазор сарбозу мақомоти низомӣ бо беш аз 500 техникаи низомӣ ширкат доштанд.
Лентаи хабарҳо
0