"Устоди садҳо олим": Файзов ба наздикони Додихудоев сабри ҷамил хост

© Мақомоти ВМКБЁдгор Файзов - раиси ВМКБ
Ёдгор Файзов - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Обуна шудан
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз профессори марҳум Хаёлбек Додихудов ҳамчун инсони комил, олими шинохта ва устоди садҳо олиму ташнаи илму маърифат ёдовар шуд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Хаёлбек Додихудоев, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо ва Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр аз олам даргузашт.
Профессори марҳум 85 сол дошт.
Дар робита ба даргузашти ин олими тоҷик раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба аҳли хонавода ва пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хост.
Файзов аз профессори марҳум Додихудоев ҳамчун як инсони комил, олими шинохта, ташкилотчӣ ва устоди садҳо олиму ташнаи илму маърифат ном бурд.
"Бо заҳмату пажуҳиш ва тадқиқоти худ ин олими зиндаёд тавонист хазинаи илм, махсусан соҳаи фалсафаро ғановатманд намуда, дар омода намудани кадрҳои болаёқат саҳми сазовор гузорад", - изҳор доштааст раиси вилоят.

Хаёлбек Додихудоев кист?

Хаёлбек Додихудоев 9 майи соли 1936 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1960 риштаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, беш аз 60 сол машғули таҳқиқоти илмӣ буд.
Самтҳои асосии фаъолияти илмиаш таҳқиқи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ буданд ва дар ин мавзуъҳо китобу рисолаву мақолаҳои зиёд нашр кардааст.
Четки в руках верующего - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Субҳ ҳамроҳ чой нӯшидем: ҳамсари Файзалӣ Ҳасан даргузашт
Дар тӯли солҳои фаъолияташ Додихудоев дар мақоми мудири кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ кор карда, аз соли 2009 то дами маргаш сарходими илмии Иститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.
Муҳимтарин корҳои илмии Хаёлбек Додихудоев "Фалсафаи Исмоилия" ва "Фалсафаи исёнҳои мардуми деҳқон" мебошанд.
Марҳум бо ордени "Дустӣ", медали "Ветерани меҳнат" мушарраф шудааст.
Лентаи хабарҳо
0