Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон боз ҳам осонтар мешавад

CC0 / pxhere / Банковская карта
Банковская карта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Боз як бонки Русия интиқоли пулро ба дорандагони “Корти миллӣ” дар Тоҷикистон имконпазир кардааст
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Бонки русии “Солидарност” хабар додааст, ки интиқоли пул ба тамоми бонкҳои Тоҷикистон барои дорандагони “Корти миллӣ” бидуни музд аз тариқи барномаи махсуси телефонӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, барои интиқоли пул танҳо бояд аз барномаи телефонии ин бонк истифода кард.

“Барои интиқоли пул ба “Корти миллӣ” танҳо рақами дорандаи корт ва маблағи лозим барои интиқол муҳим асту халос”, - иттилоъ додааст бонки русии “Солидарност”.

Манбаъ таъкид кардааст, ки интиқол аз Русия бо рубли русӣ сурат мегирад, аммо дар Тоҷикистон ба мизоҷони “Корти миллӣ” ин маблағ бо сомонӣ дастрас хоҳад шуд.
Банкомат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Интиқоли пул аз Русия ба сатҳи пасттарин нишондиҳандаҳои се соли охир расид
Ёдовар мешавем, “Корти миллӣ”, ки низоми пардохти тоҷикӣ аст, се сол қабл аз сӯйи Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ ва сипас дар ихтиёри “Амонатбонк”, бонки давлатии кишвар гузошта шуд.
Кортҳои ин низом гузинаи тоҷикӣ ва саросарие назири “Visa”-и байналмилалӣ дошта, дар ҳоли ҳозир тамоми пардохтҳо, аз ҷумла нафақа, маош ва соири хадамоти пулӣ аз тариқи он анҷом мешавад.
Ҳоло тамоми бонкҳои Тоҷикистон кортҳои худро доранд. Ба қавли масъулини “Амонатбонк” қарор буд, кортҳои “Корти миллӣ” дар Русия низ фаъол карда шавад ва ба ин хотир бо низоми “Мир”-и он кишвар музокирот идома доштанд.
Терминал оплаты банковскими картами и денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2020
Тасмими "Почтаи тоҷик" барои роҳандозии низоми байналмилалии интиқоли пул
Аввалин амалиёт бо корти русии “Мир” дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта анҷом шуда буд. “Корти миллӣ” ва “Мир” ҳанӯз аз соли 2018 ба ин сӯ рӯи ҳамгироии низомҳои пардохтии худ музокира мекарданд.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кортҳои пардохтии низоми пардохтии миллӣ “КОРТИ МИЛЛӢ”, низомҳои пардохтии байналмилалии "Visa" ва "Masterсard", кортҳои муштараки (кобрендинг) низомҳои пардохтии "UnionPay" ва НПМ ”КОРТИ МИЛЛӢ ва кортҳои пардохтии низомҳои дохилии ташкилотҳои қарзӣ ба муомилот бароварда шуда истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала