Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон: фурсат барои иваз кардани пули русӣ

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксОтделение банка. Архивное фото
Отделение банка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ боз боло рафт. Тақвияти рубл на танҳо дар баробари асъори тоҷикӣ, балки дар баробари тамоми асъори хориҷӣ мушоҳида мешавад
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон боз боло рафта, ҳоло 1 рубл бо 1598 баробар аст.
Аз аввали моҳи октябр арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон наздик ба 6 сомонӣ боло рафт ва бештарин ҳадди афзоиши қурби он имсол дар Тоҷикистонро нишон дод.
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Ояндаи доллар таҳлилгаронро ҳайратзада кард
Тамоюли болоравии рубл дар тӯли се ҳафта мушоҳида шуд, зеро дар аввали ҳамин моҳ ҳазор рубл 154 сомонӣ арзиш дошт.
Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳафтаи гузашта боз коҳиш ёфта, ҳоло дар кишвар барои як доллар 11.2645 сомонӣ медиҳанд. Ин асъор устувории қаблиашро аз даст медиҳад.
Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир дар ҳоли ноустувор қарор дорад ва ҳоло дар Тоҷикистон барои 1 евро 13.1074 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1555 -1610 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1570 то 0.1600 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1555то 0,1600 сомонӣ нишон дода шудааст.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Вазири иқтисоди Русия ояндаи долларро пешгӯӣ кард
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала