Халилзод: Раҳбари "Ал-Қоида"* мумкин аст, дар Афғонистон бошад

© REUTERS / Ibraheem al OmariАмеркианский дипломат Залмай Халилзад во время переговоров между правительством Афганистана и движением "Талибан" (запрещено в РФ) в Катаре
Амеркианский дипломат Залмай Халилзад во время переговоров между правительством Афганистана и движением Талибан (запрещено в РФ) в Катаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Намояндаи собиқи Амрико дар умури Афғонистон гуфтааст, ки шояд раҳбари гурӯҳи террористии "Ал-Қоида"* дар ин кишвар бошад.
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Залмай Халилзод, фиристодаи собиқи Амрико дар Афғонистон гуфт, ки Айман Ал-Завоҳирӣ, раҳбари гурӯҳи террористии "Ал-Қоида"* шояд дар Афғонистон ё манотиқи наздики он бошад.

"Тибқи гузоришҳои ман, вай шояд дар Афғонистон ё дар кишварҳои ҳамсояи он бошад. Ман намедонам, ки "Толибон"* аз ин хабар дорад ё не. Ман аз онҳо пурсидам ва онҳо гуфтанд, ки намедонанд, ӯ куҷост", - гуфтааст Халилзод дар суҳбат бо СBC.

Ӯ гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида бо "Толибон"* дар бораи мубориза бо терроризм мувофиқат кардааст, ки тибқи он, набояд террористонро паноҳ диҳад, балки аз маблағгузорӣ, омӯзиш ва ҷалби онҳо худдорӣ кунад.
Намояндаи вижаи пешини Амрико дар Афғонистон амалӣ шудани ин шартҳоро вазифаи муҳим номидааст.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Пулу плани калон”: “Ал-қоида” Осиёи Марказиро чӣ гуна ҳадаф гирифтааст?
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ҳадафи зиддитеррористии амалиёти Амрико амалӣ шудааст.
"Таҳдиди терроризм аз Афғонистон мисли пештара нест. Мо ба ҳадафи худ расидем - "Ал-Қоида"-ро дар Афғонистонро шикаст додем", - афзуд Халилзод.
Намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон дар посух ба ин суол, ки "оё "Толибон"* метавонанд ӯро гумроҳ кунанд?", гуфт, ба касе иҷоза намедиҳад, ки ин корро кунад.

"Халилзод танҳо кор намекард, лашкар доштам, маълумот доштам, ҳама бо ман буданд", - таъкид кардааст ӯ.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 18-уми октябр эълон кард, ки Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистон аз мақомаш истеъфо медиҳад ва ба ҷои ӯ Томас Уэст, ки қаблан муовин буд, меояд.
Халилзод гуфт, ки вай дар барои ин тасмим замоне хулоса кард, ки марҳилаи нави сиёсати Вашингтон дар қиболи Кобул оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, қаблан мақомҳои баланди амрикоӣ изҳор карда буданд, ки "Толибон"* бо "Ал-Қоида" робита дорад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ гуфта буд, ки дар ҷангҳои Панҷшер дар баробари "Толибон"* ва хориҷиён нерӯҳои "Ал-Қоида"* низ ширкат карданд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала