КМИ Ӯзбекистон пирӯзии Мирзиёевро рад кард: натоиҷи расмӣ пас аз зуҳр эълон мешавад

© Sputnik / Рамиз БахтияровШавкат Мирзиёев во время голосования на избирательном участке
Шавкат Мирзиёев во время голосования на избирательном участке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Натоиҷи ибтидоии интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон соати 16:00, ба вақти Тошканд эълон мешавад
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон иттилоъ дар бораи пирӯзии президенти феълии ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар интихоботро рад кард.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое мунташир шуда буданд, ки гуфта мешуд, Мирзиёев, тибқи натоиҷи муқаддамотӣ, 90 дарсади ороъро ба даст оварда, дубора раисҷумҳури ин кишвар интихоб шудааст.
Дар ин бора бархе аз расонаҳо, аз ҷумла шабакаи телевизионии "Euronews" низ хабар дода буданд.

"Иттилооте дар бораи маълум шудани натоиҷи муқаддамотии интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон паҳн мешаванд, вале ба маълумоти ҳамагон мерасонем, ки ин омор аз ҳақиқат дур аст", - изҳор доштааст Ҷалолиддин Усмонов, сухангӯи КМИ.

Вай ёдовар шуд, ки натиҷаҳои муқаддамотии интихоботро раиси КМИ Зайниддин Низомхоҷаев рӯзи душанбе, соати 16.00, ба вақти Тошканд эълон хоҳад кард.
Выборы президента Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузоршуда эътироф шуд
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти КМИ, дар замони баста шудани қитъаҳои интихоботӣ иштироки интихобкунандагон ба 80,8 дарсад мерасид, яъне ҳудуди 16 037 ҳазор нафар ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ раъй дода буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала