Ҳайати намояндагони ИДМ интихоботи раёсатҷумрии Ӯзбекистонро озоду демократӣ хонд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузаштан ба хазинаи аксВыборы президента Узбекистана
Выборы президента Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Ҳайати намояндагони ИДМ таъкид кардааст, ки интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон ба таври рақобатпазир, озоду шаффоф гузашт
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, аз ҷониби ҳайати нозирони ИДМ озод ва демократӣ эътироф шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
Тавре ки роҳбари ҳайат, раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев таъкид намуд, ба номзадҳо барои гузаронидани маъракаи таблиғотӣ шароити хуб фароҳам шуда буд.
"Пушиши иттилоотӣ дар интихобот ба таври кофӣ буд ва ба шаҳрвандони Ӯзбекистон имкон дод, ки дар бораи барномаҳои номзадҳо ба курсии раисҷумҳур тасаввурот пайдо кунанд", - гуфт Лебедев.
Выборы президента Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузоршуда эътироф шуд
Вай инчунин афзуд, эродҳои шаҳрвандон, ки ба мақомоти Ӯзбекистон дар бораи камбудиҳои ҷараёни интихобот расид, ночиз буданд ва сари вақт бартараф шуданд.
Сергей Лебедев гуфт, ки ба намояндагии ИДМ чунин шикоятҳо ворид нашудааст.

“Интихобот рақобатпазир, озоду ва шаффоф гузашт. Интихобот ба талаботи умумии эътирофшудаи демократӣ чавобгӯ буд”, — хулоса кард сардори ҳайат.

Намояндаи ҳайати нозирони ИДМ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода низ гуфт, дар ҷараёни интихобот нозирон қонуншиканиҳоеро сабт накардаанд, ки ба озодии иродаи шаҳрвандон таъсир расонида бошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала