Додситонӣ никоҳи зани тоҷик бо марди рус барои дарёфти шаҳрвандиро сохта хонд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксПаспорта РФ в процессе производства
Паспорта РФ в процессе производства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Додситонии минтақаи Тазови Ҳавзаи Худгардони Ямалу-Ненетски Русия аз тариқи додгоҳ ақди никоҳи марди русеро, ки бо як зани тоҷик баста буд, беэътибор донист
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Додситонии минтақаи Тазов риояи талаботи қонуни оилавиро тафтиш кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии додситонии Ҳавзаи Худгардони Ямалу-Ненетски Русия.
Тибқи иттилои манбаъ, муайян шудааст, ки моҳи июни соли 2021 як шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади содда кардани тартиби гирифтани шаҳрвандӣ бо шаҳрванди Русия издивоҷи қалбакӣ кардааст.

“Мард ба издивоҷи қалбакӣ розӣ шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки онҳо якҷоя зиндагӣ намекарданд, хоҷагии муштарак, нияти барпо кардани оила надоштанд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Қайд карда шудааст, ки дар робита ба ин ҳолат додситонии ноҳия ба додгоҳ барои беэътибор донистани ақди никоҳи ин шаҳрвандон санадҳои дахлдор пешниҳод кардааст.
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Русия
Дар Русия гирифтани шаҳрвандӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ осон мешавад
Манбаъ зикр кардааст, ки додгоҳ талаби додситониро қонеъ карда, сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро бекор кард.
Бояд қайд кард, ки ин бори аввал нест, шаҳрвандони Тоҷикистон дар бо роҳи ғайриқонунӣ гирифтани шаҳрвандӣ айбдор мешаванд. Мақомоти Русия борҳо дар бораи ақди никоҳи қалбакии шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандӣ бо роҳи осон хабар дода буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала