Писари Мулло Умар: Ба ҳеҷ кишвар иҷозаи мудохила дар умури Афғонистонро намедиҳам

© AP / Khwaja Tawfiq SediqiБоевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Вазири дифои “Толибон”* мегӯяд, ки ин гурӯҳ ба ҳиҷ кишваре иҷозаи таҷовуз ба хоки Афғонистонро намедиҳад
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ёқубмуҳаммад Умар, вазири дифои “Толибон”* дар як паёми аудиоӣ изҳор кардааст, ҳар кишваре агар ба умури Афғонистон мудохила ё ба он дастдарозӣ кунад, "Толибон”* хомӯш намемонад, иттилоъ додааст SputnikАфғонистон.
"Мо ба ҳеҷ ҷониб иҷоза намедиҳем, ки қаламрави Афғонистонро бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода кунад, аммо ҳамзамон таъкид мекунем, ки ҳар кишваре агар ба умури Афғонистон мудохила ё ба он дастдарозӣ намояд, “Толибон”* хомӯш нахоҳад монд, балки бо қудрат посух хоҳад дод.
Вай гуфт, “Толибон”* барои таъсиси артиши миллии озод талош мекунад, ки аз озодӣ ва ҳокимияти кишвар дифоъ намояд.
“Мо ба ҳама итминон медиҳем, ки қаламрави Афғонистон бар зидди ҳеҷ кишваре истифода нахоҳад шуд ва намегузорем, ки касе ба умури Афғонистон дахолат кунад”, - гуфт Ёқубмуҳаммад Умар.
Специальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Кабулов гуфт, кадом нерӯҳои сиёсӣ-этникӣ бояд ба Ҳукумати Афғонистон ворид шаванд
Дар ҳамин ҳол, вазири дифои ҳукумати “Толибон”* аз ҳеҷ кишваре ном набурд, аммо ин изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки тамринҳои низомӣ дар чанд кишвари Осиёи Марказӣ, мисли Тоҷикистон ва Русия тоза ба поён расид.
Зимнан Иёлоти Муттаҳида ва Покистон дар арафаи имзои созишномае ҳастанд, ки тибқи он, нерӯҳои амрикоӣ метавонанд аз қаламрави Покистон фазои ҳавоии Афғонистонро назорат намоянд.
Бояд гуфт, мақомоти Покистон ин хабарро рад кардаанд.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала