Русдухтаре, ки ҳамроҳи Бобиев назди калисои Маскав акс гирифт, аз мардуми Русия узр пурсид

Руслан Бобиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Акси интишорнамудаи ин ду ҷавон дар назди калисои Маскав ҳамчун беэҳтиромӣ ба эҳсоси динии насрониҳо арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Блогер ва ҳамзамон модели рус Ася Акимова, ки номи аслияш Анастасия Чистова мебошад, аз кулли шаҳрвандони Русия пӯзиш хостааст.
Номбурда дар сафҳаи "Instagram" -и худ навореро нашр намудааст, ки дар он аз шаҳрвандони Русия барои акси дар назди калисои Маскав гирифтааш бахшиш пурсидааст.
Ӯ мегӯяд, аз аввал фикри оқибатҳои аксҳо ва бархӯрди мардум бо онҳоро накарда буд.

"Ман танҳо маъруфият мехостам. Аммо ҳоло арзиши чунин шуҳратро дарк кардам", - изҳор доштааст ӯ дар навори нашрнамудаи худ.

Ёдовар мешавем, чанде пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои ғайриахлоқие роҳ ёфтанд, ки дар назди калисои Василий Блаженский, дар назди Майдони Сурх бардошта шуда буданд.
Ин аксҳои Ася Акимова, блогердухтари рус ва ҳамтои ӯ Руслан Бобиев буданд, ки ахирӣ шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Блогер из Таджикистана Руслан Бобиев и его подруга - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Мурофиаи пешакии блогер Бобиев баргузор шуд: Ба ӯ то як соли зиндон таҳдид мекунад
Яке аз аксҳои ин ду ҷавон ба вокуниши шадиди ҷомеаи русия рӯ ба рӯ шуд, зеро дар акс духтар бо либоси пулис зоҳир мешуд ва акс мазмуни муносибати маҳрамона дошт.
Зимнан ҳар дуи онҳоро кормандони пулис боздошт намуда, нисбати Бобоев парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Маълум гардид, ки ба Акимова ва Бобиев то як соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Худи блогердухтар дар муроҷиат ба ҳамвандони худ қайд намудааст, ки хатои содирнамудаи ӯро такрор накунанд ва худро ба мисли ӯ дар вазъияти хеле нороҳаткунанда нагузоранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала