Дар Санкт-Петербург барои муҳоҷирон 40 нуқтаи ваксиназанӣ бар зидди COVID-19 фаъол аст

© Sputnik / Максим БогодвидМолодой человек вакцинируется от Covid-19 в круглосуточном пункте вакцинации
Молодой человек вакцинируется от Covid-19 в круглосуточном пункте вакцинации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Обуна шудан
Муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград имкон доранд, дар 40 нуқта бар зидди COVID-19 ваксина гиранд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Кумитаи тандурустии шаҳри Санкт-Петербург гуфт, шаҳрвандони хориҷӣ дар куҷо метавонанд ваксина гиранд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.
Ҳоло дар минтақа қариб 40 нуқтаи ваксинагирии шаҳрвандони хориҷӣ бар зидди вируси корона фаъол аст.
Илова бар ин ин ниҳод қайд кардааст, ки нуқтаҳои ваксинагирӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар кадом минтақаҳо ҷойгиранд.
Дар маҷмуъ дар рӯйхат 39 ҷойи ваксинагирӣ, инчунин номи муассисаҳо, арзиши ваксина, суроғаи нуқтаҳои ваксинагирӣ ва ҷадвали кории муассисаҳо оварда шудааст.
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Чанд нафар аз аҳолии Тоҷикистон алайҳи COVID-19 ваксина гирифтанд?
Аксари онҳо дар дармонгоҳҳои хусусӣ ҷойгиранд ва аз рӯзи душанбе то ҷумъа, аз соати 09:00 то 21:00, ба вақти Маскав кор мекунанд.
Ҳамин тариқ нархи арзиши ваксинаи "Sputnik Light" дар ин нуқтаҳо аз 1300 то 4000 рубл аст.
Масалан, муҳоҷир метавонад яке аз арзонтарин ваксинаҳоро дар дармонгоҳ дар суроғаи кӯчаи Иван Черных, 25а бигирад.
Айни замон ширкати “Маркази ягонаи тиббӣ” дар ду нуқтаи ваксиназанӣ шаҳрвандони хориҷӣ - муҳоҷирони меҳнатиро ваксина мезанад. Аммо ин ваксина ройгон нест.
Ҳоло масъалаи ташкили ваксиназании муҳоҷирон дар нуқтаҳои мавҷудаи низоми давлатии тандурустии вилояти Ленинград баррасӣ мешавад.
Вакцинация от COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Даъвати мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия барои гирифтани ваксина
Ёдовар мешавем, ҳамаи ба шаҳрвандони хориҷие, ки тибқи қавонини Русия, бимаи тиббӣ мегиранд, ба таври ройгон ёрии тиббӣ расонида мешавад.
Ҳамчунин онҳо метавонанд дар баробари шаҳрвандони Русия ваксина гиранд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки бимаи ҳатмии тиббӣ надоранд, метавонанд пулакӣ ваксина гиранд.
Лентаи хабарҳо
0