Шабнаму Қайс суруди Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ карданд - видео

© TutiШабнами Сурайё и Кайс Улфат спели песню Ахмада Зохира
Шабнами Сурайё и Кайс Улфат спели песню Ахмада Зохира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Обуна шудан
Ба беш аз 6 ҳазор корбар ин дуэт писанд омад ва зери навор шарҳҳои зиёд низ навиштаанд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё мухлсони худро бо бозхонии суруди овозхони зиндаёду нотакрор Аҳмад Зоҳир шод намуд.
Шабнам дар танҳоӣ суруди ситораи Шарқро бозхонӣ накарда, балки дуэти ҷаззобе бо овозхони афғонистонии муқими Канада Қайс Улфат ташкил намуд.
Овозхонҳои саршиноси тоҷику афғонистонӣ сурудҳои "Зиндаги чист?" ва "Ай подшоҳи хубон"-ро бозхонӣ намуданд, ки қаблан бо овози ширину гушнавози Аҳмад Зоҳир ҳазорон мухлисонро масрур гардонида буданд.
Навори дуэти Шабнаму Қайс рӯзи 23-юми октябр ба шабакаи иҷтимоии "YouTube" роҳ ёфт ва бо гузашти ҳамагӣ ду рӯз он аз ҷониби наздик ба 200 ҳазор корбар тамошо ва писандида шуд. Аз ҷумла навори Шабнаму Қайсро беш аз 6 ҳазор нафар мақбул дониста, зиёда аз 600 нафар зери он шарҳҳои гуногун навиштааст.
Аксари шарҳҳои корбарон мусбат буда, аз маҳорати воло ва садои ҷаззоби ҳар ду овозхон васф мекарданд.
Сурудҳои булбули Шарқ Аҳмад Зоҳирро аксари сарояндаҳои тоҷик бозхонӣ мекунанд ва ё дар пайравӣ ба ӯ таронаҳо месароянд.
Шабнам Сурайё - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Рақси даврони кӯдакии Шабнами Сурайё ва табрикоти Шарифамоҳ: навори нодир
Ҳоло аксар сарояндаҳои ҷавон ба мисли Меҳринигору Зулайхо ва даҳҳои дигар сурудҳои сароянда ва оҳангсози афғон Аҳмад Зоҳирро месароянд.
Аҳмад Зоҳир соли 1979 дар пайи садамае дар Кобул ба ҳалокат расид.
Лентаи хабарҳо
0