Шикояти даҳҳо мусофир аз гумшавии бағоҷ дар фурудгоҳи Душанбе

© Pixabay / StelaDiБагаж на вокзале, архивное фото
Багаж на вокзале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Обуна шудан
Фурудгоҳи Душанбе аз шикояти зиёди мусофирон роҷеъ осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо хабар додааст
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар масъалаи наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо аз ҷониби мусофирон 69 эрод ворид гардидааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир ба 67 эрод посух додааст.
Ҳамзамон Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳи соли равон ба беш аз 600 ҳазор нафар мусофир хидмат расонидааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 225 ҳазор нафар зиёд аст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамин давраи соли гузашта фурудгоҳ ба 387 ҳазор нафар мусофир хидмат расонида буд.
Инчунин тибқи иттилои манбаъ, миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолёфта дар ин давра беш аз 965 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 152,6 фоиз ё 583,4 тонна зиёдтар аст.
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Фурудгоҳи Душанбе имсол 170 миллион даромад дошт
Дар ин давра тавассути терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 46 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот шуд.
Тибқи иттилои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, парвозҳо дар фурудгоҳ аз ҷониби 14 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷии дур, 7 ширкати ҳавопаймоии давлатҳои ИДМ ва 2 ширкати ватанӣ –“Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” амалӣ карда мешаванд.
Аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 13 шаҳри Русия, инчунин ба пойтахт ва шаҳрҳои бузурги Қазоқистон, Узбекистон, Олмон, Чин, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ парвоз сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0