Таассуфи Вазорати хориҷаи Русия аз ҳайати афғонҳо дар нишасти Маскав

© Sputnik Московский формат консультаций по Афганистану
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Вазорати умури хориҷии Русия ба муколамаи ҳама нерӯҳо дар Афғонистон умедвор аст
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Замир Кобулов, намояндаи вижаи Путин дар умури Афғонистон дар нишасти матбуотие гуфт, Русия аз он изҳори таассуф мекунад, ки дар нишасти "формати Маскав" дар бораи Афғонистон тамоми нерӯҳои сиёсии ин кишвар ширкат надоштанд.

"Мо афсӯс мехӯрем, ки натавонистем даъват ва ҳузури нерӯҳои дигари сиёси-қавмиро таъмин кунем", - гуфт дипломат.

Вай афзуд, ки масъалаи музокирот дар оянда низ матраҳ хоҳад буд.
"Сухани охирин дар бораи ҳайат бояд дар ихтиёри афғонҳо боқӣ бимонад", - гуфт намояндаи Вазорати умури хориҷӣ.
Кабулов кайд кард, ки дар ҳайати афғонистонӣ набудани намояндагони қувваҳои дигар ба гуфтушунид дар Маскав таъсире надошт.
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ҳамзамон гуфтааст: "Мо бояд раҳбарони сиёсии қабилаҳоро ҷустуҷӯ кунем, то бо ҳукумати нав гуфтугӯ кунанд".
Специальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Кабулов гуфт, кадом нерӯҳои сиёсӣ-этникӣ бояд ба Ҳукумати Афғонистон ворид шаванд
Ёдовар мешавем, 20 октябр дар Русия нишасти Маскав дар бораи Афғонистон баргузор шуд.
Қаблан гуфта мешуд, ки дар ин нишаст Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ ва раисҷумҳури асбақ Ҳомид Карзай ширкат мекунанд, аммо баъдан хабари даъвати онҳо рад шуд.
Гурӯҳи террористии "Толибон"* 15 август, пас аз суқути ҳукумати вақт ва фирори президенти он Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуд.
Представитель политического совета движения Талибан* - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Матвиенко: Эътирофи "Толибон"* осон нахоҳад буд
Ҳафати аввали моҳи сентябр онҳо кобинаи худро эълон карданд, ки бинобар ҳамашумул набуданаш мавриди бархӯрди шадид дар худи Афғонистон ва берун аз он қарор гирифт
Ҳамакнун беш аз ду моҳ аст, ки "Толибон"* қудратро дар даст дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати онро ба расмият нашинохтааст.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала