Таслими террористон ба террористон дар Афғонистон

© REUTERS / West Asia News AgencyБоевики Талибана* на бывшей американской авиабазе Баграм в Парване, Афганистан
Боевики Талибана* на бывшей американской авиабазе Баграм в Парване, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Хабарҳо аз Афғонистон ҳокӣ аз онанд, ки чандин шибҳинизомии ДИИШ* ба мақомоти “Толибон”*, мустақар дар Нангарҳор таслим шудаанд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Даҳҳо нафар аз ҷонибдорони гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ)* ба мақомоти маҳаллӣ, ки аз сӯйи гурӯҳи “Толибон”* дар вилояти Нангарҳори Афғонистон таъсис ёфтааст, таслим шуданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории "Pajhwok Afgon News".

"50 ҷангҷӯи ДИИШ* ба нерӯҳои давлатӣ дар Нангарҳор таслим шуд", - иттилоъ додааст намояндаи ҳукумати “Толибон”* дар ин минтақа.

Гуфта мешавад, ки ҷангҷӯёни ДИИШ бо "миёнаравии раҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ" ба мақомоти нави Афғонистон таслим шудаанд.
Вале тибқи иттилои манбаъ, то ҳол дар бораи сарнавишти аксари таслимшудангон маълумоте дар дастрас нест.
Дар моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр дар чанд вилояти Афғонистон, аз ҷумла пойтахт, дар як вақт чанд таркиш, ҳамлаҳои мусаллаҳона ва тирандозӣ сурат гирифт, ки дар онҳо ҳам ҷангҷӯёни “Толибон” ва ҳам сокинони маҳаллӣ кушта шуданд.
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Русия аз фаъолшавии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард
Масъулияти бархе аз ин амалҳои террористиро гурӯҳи “ДИИШ дар Хуросон”*, як шохаи ДИИШ* бар уҳда гирифт.
Рӯзи 10-уми октябр Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”* гуфт, ки созмони "Давлати исломӣ"* барои Афғонистон хатар надорад ва “Толибон”* қодиранд, бо ин гурӯҳ мубориза баранд.
Ёдовар мешавем, ки артиши ИМА Афғонистонро баъди 20 соли ҳузур тарк кард.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА "Толибон"* фаъол шуда, нимаи моҳи август ҳукумат дар ин кишварро ғасб намуд. Бисёри музофотҳо бидуни муқовимат таслим шуданд. "Толибон"* эълон кард, ки дар кишвар аморати ба ном исломиро ташкил мекунад ва тибқи қоидаҳои шариат ҳукуматдорӣ хоҳад кард.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала