Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: сардори Раёсати тандурустӣ иваз шуд

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Обуна шудан
Ҷамолиддин Абдуллозода бо судури чаҳор фармон сартабибони калонтарин муассисаҳои тандурустии Суғдро таъйин намудааст
ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Аз ин таъйиноти кадрӣ бармеояд, ки ҷойи сартабибони чанде аз бузургтарин Шифохонаи Суғд ба мисли “шоҳмот” иваз карда шудааст.
Аз ҳукумати вилояти Суғд сурат гирифтани таъйиноти кадриро ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
Бар пояи иттилои манобеъ бо фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардори Раёсати тандурустии вилоят, сартибибони шифохонаи клиникии Суғд ба номи С. Қутфиддинов, сартабиби шифохонаи № 1-и шаҳри Хуҷанд ва сартабиби Маркази солимгардонии бемориҳои дилу шараёни вилояти Суғд иваз карда шудаанд.

"Фаррух Мақсудзода аз вазифаи сардори Раёсати тандурустии Суғд барканор шуда ба ҷойи ӯ Ҳабибуллоҳ Муҳиддинов сардор таъйин шуд", - гуфт манбаъ аз ҳукумати Суғд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин таъйиноти кадрӣ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст ва чанде дигар аз сартабибони калонтарин шифохонаҳои Суғд иваз шудаанд.
Мақсудзода бо фармони дигари вазир ба ҷойи Фирӯз Комилов сартабиби беморхонаи клиникии Суғд ба номи С. Қутфиддинов таъйин шудааст.
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Таъйиноти кадрӣ дар идораҳои замини Суғд: кӣ ҷояшро бо кӣ иваз кард?
Фирӯз Комилов бо фармони вазири тандурустӣ ба ҷойи Фирдавс Турахонов сартабиби шифохонаи шаҳрии № 1 (Горболниса)-и Хуҷанд таъйин гардидааст.
Фирдавс Турахонов дар навбати худ ба ҷойи Ҳибибуллоҳ Муҳиддинов сартабиби Маркази солимгардонии бемориҳои дилу шараёни вилояти Суғд истихдом шудааст.
Лентаи хабарҳо
0