Забеҳуллоҳ Муҷоҳид расман сухангӯи “Толибон”* таъйин шуд

© AP / Muhammad FarooqЗабиулла Муджахед
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ахиран ба унвони сухангӯи марказии “Толибон” ҳамроҳ бо се муовин дар Арг муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар сафҳаи твиттерии худ навишт, ки ахиран вай ба унвони сухангӯи марказии “Толибон” ҳамроҳ бо се муовин дар Арг муаррифӣ шудааст.
Инъомуллоҳ Ҳабиби Самангонӣ, Аҳмадуллоҳ Васиғ ва Асадуллоҳ Билол Каримӣ ба унвони муовинони оқои Муҷоҳид таъйин шудаанд.
Қобили зикр аст, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид солҳои зиёд ба ҳайси сухангӯи “Толибон”* дар хориҷ амал мекард.
Ёдрас менамоем, ки артиши ИМА Афғонистонро баъди 20 соли ҳузур то охири сентябри соли равон тарк кард.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА "Толибон"* фаъол шуда, нимаи моҳи август ҳукумат дар ин кишварро ғасб намуд. Бисёре аз музофотҳо бидуни муқовимат таслим шуданд. "Толибон"* эълон кард, ки дар ин кишвар иморати ба ном исломиро ташкил ва тибқи қоидаҳои шариат ҳукуматдорӣ хоҳанд кард.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала