Абдурозиқ дар Сербия тоҷикона рақсиду суруди Муборакшоро бозхонӣ кард - навор

© 2021 AIBA Men's World Boxing ChampionshipsАбдурозик спел на Чемпионате мира по боксу в Сербии
Абдурозик спел на Чемпионате мира по боксу в Сербии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Блогер ва овозхони тоҷик, Абдурозиқ дар Сербия дар саҳнаи калон бо забони тоҷикӣ суруд хонд ва тоҷикона рақсид
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Абдурозиқ, блогер ва овозхони тоҷик дар маросими ифтитоҳи 21 -умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс иштирок кард.
Ӯ на ба ҳайси муштзан, балки бо ду суруд, ки яке бо забони туркӣ ва дигаре суруди овозхони зиндаёди тоҷик, Муборашко Мирзошоев мебошад, рӯи саҳнаи калон баромад ва сурудхонӣ карду хуб рақсид.
Навори сурудхонии Абдурозиқ дар Белградро худи ӯ низ дар сафҳаи Instagram нашр намудааст.
Абдурозиқ дар баробари овозхонҳои дигари муваффақ ба мисли Олга Бузова ва Милошем Бикович суруд хонд.
Қобили зикр аст, ки 21-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокси ҳаваскорон аз 24 октябр то 6 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Белград баргузор мешавад.
Дар ин мусоблиқа варзишгарони панҷ қитъа иштирок мекунанд. Бори аввал муштзанҳо барои медалҳо дар 13 вазн, ки аз ҷониби Шӯрои директорони Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорони AIBA моҳи июли соли 2021 тасдиқ шуда буданд, мубориза мебаранд.
Фонди ҷоиза чунин аст: қаҳрамонҳои ҷаҳон ҳар кадом 100 000 доллар, барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар мегиранд. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 2,6 миллион долларро ташкил медиҳад
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала