Дар Бадахшон 20 дараҷа сардиву дар Хатлон 23 дараҷа гармӣ

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки сидят на скамейке в парке
Девушки сидят на скамейке в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Дар Тоҷикистон ҳаво камабру тағйирёбанда пешбинӣ шудааст. Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, боридани борон дар назар нест
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар ВМКБ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.
Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дар ғарби ин вилоят ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 10-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳамзамон ҳаво дар қисмати шарқӣ рӯзона 9-14 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа ва рӯзона то 1-6 дараҷа ҳаво сард мешавад.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш хоҳад буд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона ба 1-6 ва рӯзона ба 16-21 дараҷа мерасад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш гузориш шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 18-23 дараҷа аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала