Баҳси буҷа дар Маҷлиси Ҳукумат: Дастури Раҳмон барои пардохти бетаъхири маошу кумакпулиҳо

Заседание правительства РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукуматӣ баргузор карда иҷрои саривақтии супоришҳоро талаб кард
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023-2024 аз мавзуоти асосии маҷлиси Ҳукуматӣ будааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки буҷети давлатӣ барои соли 2022 ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ва дохилӣ ба он, аз ҷумла таъсири идомаёбандаи пандемияи КОВИД - 19, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.
"Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 32,8 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2021 ба маблағи 5,1 миллиард сомонӣ ё 18,6 фоиз зиёд мебошад", - афзудааст манбаъ..
Президент таъкид кардааст, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 33,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, дар сиёсати буҷети давлатӣ таъмин намудани уҳдадориҳои давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Тавзеҳи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон: Маош 28 дарсад зиёд мешавад
"Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатӣ барои соли 2022 ба ин соҳаҳо равона кардани 14,6 миллиард сомониро пешбинӣ намудааст, ки он 43,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад", - таъкид кардааст раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, аз ҷумла вазъи ҷаҳони имрӯза, мавҷҳои навбатии пандемияи КОВИД - 19 ва тағйирёбии иқлим, гуфтааст, ки дар чунин шароити ҳамоҳангсозӣ ва таъмин намудани мутавозинии татбиқи сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ муҳим мебошад.
Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат бояд сари вақт, пурра ва сифатнок иҷро карда шаванд.
"Барои иҷроиши босифати буҷет ҷиҳати баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андозӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ, сари вақт ва пурра таъмин гардад", - таъкид кардааст, президент.
арои таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда пурра таъмин карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала