Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Дар Хуҷанд коронавирус нест, вале реҷаи ниқобпӯшӣ шадид шуд

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в Душанбе
Люди в масках в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Дар Хуҷанд ҳарчанд ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус мавҷуд нест, вале аз сокинон ҷиддан талаб карда шуд, ки ниқоб пӯшанд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Маркази назорати санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд аз сокинон ва меҳмонон даъват намудааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман ниқоб пӯшанд.
Манобеи Sugdnews хабар медиҳад, ки ҳамарӯза намояндагони ин марказ миёни сокинон суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, ба зарурати пӯшидани ниқоб таъкид мекунанд.
"Бо вуҷуди он ки вазъи эпидемиологии шаҳри Хуҷанд таҳти назорати қатъии мутахассисони Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ қарор дорад, то ҳол риояи талабот ва тавсияҳо оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус аз ҷониби сокинон мушоҳида мешавад", - навиштааст манбаъ бо истинод ба сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд, Маъмур Юсуфов.
Рейд по вылавливанию попрошаек и бомжей в Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Хуҷанд ба сокинон: бидуни ниқоб нагардед, вагарна то 300 сомонӣ ҷарима мешавед
Сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки дар ҷойҳои ҷамъитӣ ва маконҳои серодам, аз ҷумла дохили нақлиёти мусофирбар, ронандаҳо ва худи мусофирон реҷаи ниқобпӯширо риоя намекунанд. Ӯ мегӯяд, беаҳамиятии сокинон метавонад муҷиби сироятҳои нав гардад.
Иддаои Юсуфов дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон, минҷумла шаҳри Хуҷанд аз 16 октябр ба ин сӯ ягон мавориди сироятшавӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала