“Хӯреду хонед”: кӯмаки даҳҳо тон орду равғани Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

© Пресс-служба посольства РФ в РТПосольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла
Посольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Русия ва WFP (Барномаи ҷаҳонии ғизо) – и Созмони Милали Муттаҳид маҳмулаи бузурге аз орду равғани рустаниро ба Тоҷикистон эҳдо карданд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Имрӯз 26 октябр сафорати Русия дар Тоҷикистон ва Барнома ҷаҳонии ғизои СММ (WFP) дар як маросим ба ҳукумати Тоҷикистон 1 ҳазору 485 тон орди гандуми ғанишуда ва 61 тон равғани рустаниро барои мактабҳои деҳоти Навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва худмухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳвил доданд
Маросим бо ҳузури Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, Адҳам Мусаллам, намоянда ва мудири кишварии WFP дар Тоҷикистон ва Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ширкат доштанд.
Ин маҳмулаи башардӯстона бо пули Русия харидорӣ шуд, ки дар соли 2021 барои беҳбуди амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон ба унвони бахше аз иҷрои ёддошти тафоҳум байни WFP ва вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия 5 миллион доллар тахсис додааст.
Гуманитарный груз подсолнечного масла от Российской Федерации для сельских школ Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2020
Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон: равғани офтобпараст
Бо ин ҳимояти молӣ Барномаи ҷаҳонии ғизо 20 октябри соли равон 945 тон орди гандуми ғанишуда ва 60 тон равғани рустаниро барои мактабҳои деҳот дар вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд таҳвил додааст.

Ангезаи қавӣ

Ин кӯмаки ғизоӣ бахше аз Барномаи тағзияи мактабҳои Барномаи ҷаҳони ғизо (WFP) аст, ки 450 ҳазор талабаи синфҳои аз як то чор дар 2 ҳазор мактаб аз 52 ноҳияи рустоии Тоҷикистонро дарбар мегирад. Бо кӯмаки Барномаи ҷаҳонии ғизо ва Русия ба таври муназзам ба ин мактабҳо ғизоҳои солим ва хушмаза ироа мешавад.
Игор Лякин-Фролов гуфт, ин кӯмак якшанбеи гузашта аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфта, дар ихтиёри Барномаи ҷаҳонии ғизо гузошта шудааст.
“Чунин кӯмаки чашмгир таъйиди ошкори мушорикат ва иттиҳоди стратегие аст, ки Русия ва Тоҷикистонро ба ҳам пайванд медиҳад. Мо аз ин ба баъд ҳам кӯмакҳои худро дар ҳамаи соҳот дареғ нахоҳем дошт”, - гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.
Намоянда ва мудири кишварии WFP дар Тоҷикистон гуфт, Барномаи ҷаҳонии ғизо бо ҳимояти Русия ба насли ҷавон кӯмак мекунад, то аз тариқ кӯмаки ғизоӣ ба мактабҳо ба зарфияти комили худ даст ёбад.
“Мо амиқан аз Русия барои кӯмаки молии қобили таваҷҷуҳ ва баландмуддаташ, ки мабнои талоши мо барои кӯмак ба хонандагон аст, сипосгузорем. Ироаи ҳамарӯзии ғизо ба кӯдакон дар мактаб натанҳо ба маънои тағзия ва саломати беҳтар аст, балки дастрасӣ ва муваффақият дар омӯзишро низ афзоиш медиҳад ва ангезаи қавиро барои волидайн ҷиҳати фиристодани мудовими кӯдакон ба мактаб, бахусус, духтарон, фароҳам мекунад”, - гуфт Адҳам Мусаллам.
Школьная ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2021
Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 4,5 ҳазор китоб тақдим кард
Русия шарики стратегии Тоҷикистон дар заминаи кӯмакҳои тавсеа ва башардӯстона ба Тоҷикистон буда, аз соли 2013 ба ин сӯ беш аз 80 миллион доллар барои иҷрои Барномаи тағзияи мактабҳо ихтисос додааст.

Нозири барнома

Ҳамкориҳои Русияву WFP ва Тоҷикистон дар дойираи амалӣ кардани "Стратегияи тавсеаи пойдори ғизои мактабҳо дар Тоҷикистон (2017-2027)" аст. Ба қавли мақомоти тоҷик, ба унвони як гоми бузурги рӯ ба пеш аз тариқи тазмини як барномаи тағзияи мадориси бо сармоягузории миллӣ пойдор тасдиқ шудааст ва WFP дар иҷрои батадриҷи ин стратегия ҳамкорӣ хоҳад кард.
Нуралӣ Собирзода бо изҳори сипос аз ҳукумати Русия ва Барномаи ҷаҳонии ғизо гуфт, таъмини аҳолӣ бо ғизои солим яке аз авлавиятҳои ҳукумати Тоҷикистон аст ва бачаҳо аз ин нигоҳ як қишри осебпазири ҷомиа ба ҳисоб мераванд.
© Пресс-служба посольства РФ в РТПосольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла
Посольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Посольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла
Номбурда гуфт, Русия аз соли 1999 ба ин сӯ дар ин барнома тариқи WFP кӯмак мерасонад. Дар ин барнома волидайн ва мақомоти маҳаллӣ низ барои дастрас кардани меваву сабзавот ва сӯзишворӣ саҳм мегиранд.
"Ин барнома захираҳои зиёди пулӣ, замонӣ ва инсониро тақозо мекунад. Соли 2015 як консепсияи беҳбуди ғизои мактабӣ аз сӯи президенти Тоҷикистон низ қабул шуда буд. Талоши мо бар ин аст, ки то охири ин барнома кишвари мо тавонад низоми тағзияи мактабиро мустақилона пеш барад”, - гуфт муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон.
Барномаи ҷаҳонии ғизо барои таҳкими як барномаи миллӣ, ибтикорот ва барномаҳои тақвиятдиҳӣ ва зарфиятсозии мухталиферо иҷро кардааст.
Ин ибтикорот шомили мушорикати умумии хусусӣ, монанди навсозӣ ё сохти нонвоиҳо дар 8 нонвоӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд аст. Ин нонвоиҳо рӯзона ба беш аз 110 ҳазор (25 дарсад) - и хонандагон ҳадаф нони тоза ва бокайфиятро дар ихтиёри мактабҳо қарор медиҳанд.
© Пресс-служба посольства РФ в РТПосольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла
Посольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Посольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла
WFP барои навсозӣ ва таҷҳизи комили ошпазхона ва хонаи ғизохурии 50 мактаб бо таҷҳизоти муосир мусоидат кард.
Барои беҳбуди режими ғизоӣ ва менюи ғизои хонандагон аз тариқи муаррифии фаъолиятҳои даромадзои мухталиф, аз ҷумла гулхонаҳо, занбурдорӣ, парвариши ҳайвонот, истахрҳои моҳӣ, дӯконҳои консервсозӣ ва хайётиҳоро муаррифӣ кард. Ин ҳама як гуна мусоидат ба иҷрои дурусти Барномаи тағзияи мактабҳо аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала