Фаъолияти Маркази муҳоҷирати Русия дар Тошканд: видео

Обуна шудан
Барои анҷоми расмиёти вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия дар Ӯзбекистон табибони рус ва мутахассисони Вазорати корҳои дохилӣ кор мекунанд
Маркази муҳоҷирати Русия дар Тошканд 7 моҳ боз фаъолият мекунад. Дар ин муддат аллакай 2,5 ҳазор нафар хоҳишманди кор дар Маскав аз хидматрасониҳои ин марказ истифода кардааст.
Дар маркази муҳоҷирати Ӯзбекистон шумо метавонед тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро барои дарёфти ҷои кор дар Русия тартиб диҳед.
Оғози қабули коргарони ӯзбек барои кор дар сохтмонҳои Русия
Русия таъсиси марказҳои махсус барои ҷалби ҷамъии ҳазорон шаҳрванди Ӯзбекистон барои кор дар сохтмонҳои ин кишварро дар назар гирифтааст.
Мутахассисони рус бо Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷии Ӯзбекистон ва намояндагии расмии Маркази муҳоҷиратии корбурдии мухталиф дар ҷумҳурӣ ҳамкории зич доранд.
Омск арзиши патентро барои муҳоҷирон гарон мекунад
Зимнан қарор аст, ҳамин гуна маркази муҳоҷират дар Тоҷикистон низ созмон дода шавад.
Лентаи хабарҳо
0