Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Песков: Дар Маскав локдаун намешавад

Москва, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Қаблан Ҳукумати Русия пешниҳод карда буд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз бад шудани вазъи ҳамагирӣ аз 30 октябр то 7 ноябр рӯзҳои ғайрикорӣ ҷорӣ шавад
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар Маскав ҳеҷ гуна локдаун нест ва ба нақша гирифта нашудааст, гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, хабар медиҳад РИА "Новости".

"Мехоҳам ба таваҷҷуҳи шумо бирасонам, ки дар Маскав ҳеҷ гуна локдаун вуҷуд надорад ва ба нақша гирифта нашудааст", - гуфт Песков.

Қаблан Ҳукумати Русия пешниҳод карда буд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз вахим шудани вазъи эпидемиологӣ аз 30 октябр то 7 ноябр, бо нигоҳ доштани маош рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шавад.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Путин ҳафтаи аввали ноябрро таътил эълон кард
Ин ташаббусро президенти Русия Владимир Путин дастгирӣ кард.
Кишвардори Русия аз шаҳрвандон даъват кард, ки дигаронро зери хатар нагузоранд ва дар сурати бад шудани вазъи саломатӣ рухсатӣ ба далели беморӣ гиранд.
Женщина с ребенком в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Фармони Собянин дар бораи таътили тирамоҳӣ дар Маскав: рӯйхати маҳдудиятҳо
Ҳамчунин раҳбари Русия таъкид кард, ки дар сурати зарурат рӯзҳои ғайрикорӣ пас аз 7 ноябр тамдид мешавад.
Баъдтар шаҳрдори Маскав Сергей Собянин эълон кард, ки рӯзҳои таътил дар Маскав аз 28 октябр оғоз мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала