Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Чӣ қадар афғонистонӣ дар пойгоҳҳои низомии ИМА паноҳ бурдааст: омори Пентагон

© REUTERS / Ministry of Defense of SpainГраждане Испании и афганцы садятся в военный самолет в рамках эвакуации в международном аэропорту Хамида Карзая в Кабуле
Граждане Испании и афганцы садятся в военный самолет в рамках эвакуации в международном аэропорту Хамида Карзая в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Вазорати дифои Амрико эълон кардааст, ки дар пойгоҳҳои низомиаш беш аз 53 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ паноҳ бурдааст
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Ҷон Кирби, сухангӯи Вазорати дифои Амрико гуфт, ки аз ин шумор 6,689 нафараш аллакай аз тамоми расмиёти зарурӣ барои иштирок дар барномаи кӯчдиҳӣ ба шаҳрҳои Амрико гузаштаанд.
Вай гуфт, беш аз 53 ҳазор паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар пойгоҳҳои низомии Амрико қарор доранд.
“Дар ИМА зиёда аз 53 ҳазор нафари онҳо хастанд. 53 157 гуреза дар ҳашт пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳида қарор дорад, ки 6 689 нафари онҳо аллакай тамоми расмиёти заруриро барои ширкат дар барномаи кӯчдиҳӣ ба шаҳрҳои Амрико гузаштааст. Илова бар ин беш аз 3 ҳазор афғонистонӣ дар пойгоҳҳои ИМА, дар минтақаи масъулияти Фармондеҳии марказӣ, 463 нафари дигар дар пойгоҳҳои ин кишвар дар Аврупо қарор дорад.
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ба Маскав меояд
Ба навиштаи рӯзномаи "Вашингтон Пост", аз 17 августи соли ҷорӣ беш аз 60 ҳазор афғонистонӣ, аз ҷумлаи онҳое, ки дар гузашта ба нерӯҳои амрикоӣ ҳамкорӣ мекарданд, ба Амрико интиқол дода шудаанд. Рӯзи 7 октябр Пентагон хабар дод, ки Ҳукумати Амрико хуруҷи шаҳрвандони Афғонистон ба Амрикоро аз сар гирифтааст.
Гурӯҳи “Толибон” (мамнуъ дар Русия) амалиёти густурдаро болои нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон пас аз эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи артишаш аз ин кишвар оғоз намуд. Рӯзи 15-уми август ҷангҷӯёни ин гурӯҳ бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.
Дар ҳамин ҳол Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур аз вазифааш истеъфо дод ва кишварашро тарк кард. Рӯзи 6-уми сентябр “Толибон” аз назорат бар тамоми қаламрави Афғонистон эълон карданд. Ҳамзамон намояндагони ин гурӯҳ рӯзи 7-уми сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала