Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Тартиботи нави вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ИМА

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Вашингтон
Города мира. Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Обуна шудан
Акнун танҳо онҳое ҳуқуқи вуруд ба ИМА - ро доранд, ки соҳиби шиносномаи ваксиназанӣ алайҳи COVID-19 мебошанд. Маҳдудиятҳои нав аз 8 ноябр ба эътибор медарояд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден бо имзои фармон, барои шаҳрвандони хориҷиии эминшуда, ки ба Иёлоти Муттаҳида сафар мекунанд, талаботи нав ҷорӣ мекунад, хабар медиҳад Deutsche Welle.
Мақомдорони ИМА мегӯянд, барқарорсозии парвозҳои байналмилалии ҳавоӣ ҳоло ба манфиати кишвар аст ва аз ин рӯ ҳукумат тасмим гирифтааст, ки маҳдудиятҳои нисбати дигар давлатҳоро, ки қаблан дар давраи пандемияи коронавирус татбиқ шуда буданд, бекор кунад. Аммо ба далели амният марзҳо танҳо барои афроде боз хоҳад шуд, ки пурра эм карда шудаанд.
Акнун танҳо онҳое ҳуқуқи вуруд ба ИМА - ро доранд, ки курси пурраи ваксиназанӣ алайҳи COVID-19-ро гузаштаанд.
Одамоне, ки бо раводиди ғайримуҳоҷиратӣ ба Иёлоти Муттаҳида меоянд, бояд пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо шиносномаи эмгузаронии худро нишон диҳанд.
Нашриёт инчунин тавзеҳ дод, ки ИМА сайёҳонеро қабул мекунад, ки ваксинаҳои аз ҷониби Идораи озуқаи ИМА (FDA) тасдиқшуда ё барои истифодаи изтирорӣ аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт иҷозат дода шудаанд.
Купюра достоинством в 1 доллар США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Ба ҳад расид: Вазорати молияи ИМА аз таҳдиди рукуди иқтисод гуфт
Талаботи ҷадид ба кӯдакони то 18-сола дахл надорад.
Илова бар ин, Байден фармонеро имзо кард, ки тибқи он маҳдудиятҳои вуруд, ки аз соли 2020 инҷониб амал мекунанд, лағв мешавад ва вуруди сайёҳон аз Чин, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ, Бразилия ва бисёре аз кишварҳои Аврупоро ба Иёлоти Муттаҳидаро дубора имконпазир мегардад.
Лентаи хабарҳо
0