Ӯзбекистон мумкин аст дар давраи дуввуми президентии Мирзиёев шомили ИИАО шавад

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Ба гуфтаи коршинос, дар давраи миёнамӯҳлат узвияти комили Ӯзбекистон дар ин сохтори байналмилалӣ як сенарияи комилан имконпазир аст
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Ӯзбекистон дар давраи навбатии президентии Шавкат Мирзиёев, метавонад узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шавад, мегӯяд директори Маркази ташаббусҳои тадқиқотии "Ma'no" Бахтиёр Эргашев.
Кумитаи марказии интихоботии Ӯзбекистон рӯзи 25 октябр натиҷаҳои муқаддамотии овоздиҳиро эълон кард, ки тибқи он президенти феълӣ Шавкат Мирзиёев дар интихоботи бо дарёфти 80,1 дарсади оро пирӯз шуд.
"Дар роҳи ба даст овардани мақоми узви комилҳуқуқи ИИАО Ӯзбекистон метавонад пешрафти ҷиддӣ ба даст орад", - гуфт Эргашев ба РИА Новости дар посух ба суол дар бораи дурнамои ташаббусҳои минбаъдаи Мирзиёев пас аз пирӯзии наваш дар интихобот.
Ба гуфтаи коршинос, дар давраи миёнамӯҳлат узвияти комили Ӯзбекистон дар ин сохтори байналмилалӣ як сенарияи комилан имконпазир аст.
Эмомали Рахмон, Шавкат Мирзеев, Гурбангулы Бердымухамедов, Касым-Жомарт Токаев и Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2021
Ҷабборов гуфт, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистонро узви ИИАО дидан мехоҳад
Ёдовар мешавем қаблан Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури пешини Қазоқистон ва Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон хоҳони пайвастани Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркаманистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авросиё шудаанд.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз соли 2015 амал мекунад ва ҳоло ба ҷуз Русия, чор кишвар Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон шомил ҳастанд. Ӯзбекистон дар ин иттиҳод мақоми нозирро дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала