Саломат бошед: чӣ гуна бояд муҳоҷир бимаи тиббӣ интихоб кунад - видео

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкСтраховой полис, архивное фото
Страховой полис, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Обуна шудан
Федератсияи муҳоҷирони Русия ба муҳоҷирон ёдоварӣ кард, ки чӣ гуна мешавад, бимаи тиббии дурустро интихоб кард
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Раҳбарияти Федератсияи муҳоҷирони Русия ба хориҷиён аҳамияти гирифтани бимаи тиббиро ёдрас карда, маслиҳат дод, ки чӣ тавр мешавад, онро дуруст харидорӣ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Таъкид мешавад, бимаи тиббӣ барои ҳар як шаҳрванди хориҷӣ ҳатмӣ аст.

Се бимаи тиббӣ: нархи наво

Федератсияи муҳоҷирони Русия тавзеҳ дод, ки имрӯзҳо се намуди бима вуҷуд дорад, ки шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия метавонанд интихоб кунанд.
Ин бимаҳо "Здоровье мигранта" (Саломатии муҳоҷир), "Здоровье мигранта ПЛЮС" (Саломатии муҳоҷирон +) ва "Здоровье мигранта. ДЕТИ" (Саломатии муҳоҷирон. Кӯдакон" ном доранд.
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Тартиби нави гирифтани патент дар Русия: видео
Шахси бимашуда ҳуқуқ ​​дорад, ки вобаста ба вазъияти зиндагӣ ва шароит яке аз онҳоро барои худ интихоб кунад.
Ҳамин тариқ бимаи якум, "Саломатии муҳоҷир" ба шаҳрванди хориҷӣ имкон медиҳад, ки дар давоми амали ҳуҷҷат ба маблағи то 100 ҳазор рубл табобат гирад:
то 25 ҳазор рубл - барои табобати амбулаторӣ;
то 25 ҳазор рубл - барои табобат дар маркази шикастабандӣ;
то 50 хазор рубл — барои табобат дар беморхона.
Арзиши чунин бимаи тиббӣ 2,5 ҳазор рубл барои як сол аст.
Бимаи дуюм - "Саломатии муҳоҷир ПЛЮС" маблағи суғуртаро то 250 ҳазор рубл пешбинӣ мекунад:
то 25 ҳазор рубл - барои табобати амбулаторӣ;
то 25 ҳазор рубл - барои табобат дар марказишикастабандӣ;
то 50 ҳазор рубл — барои табобат дар беморхона.
Чунин бимаи тиббӣ ба шаҳрванди хориҷӣ имкон медиҳад, ки дар сурати осеб дидан дар натиҷаи садама (маблағи пардохт аз сатҳи осеб вобаста аст) пардохти нақдии то 50 ҳазор рублро гирад.
Дар сурати фавти шахси суғурташуда хешовандони ӯ 50 ҳазор рубл мегиранд ва хароҷоти бозгашт ба Ватан то 50 ҳазор рубл низ пардохт мешавад.
Арзиши ин навъи бимаи тиббӣ дар як сол 4 ҳазор рубл аст.
Навъи сеюм бимаи "Саломатии Муҳоҷир. КӮДАКОН" аст. Чунин суғурта ба фарзанди то 12-солаи муҳоҷир имкон медиҳад, ки дар давоми муҳлати эътибори бима ба маблағи то 100 ҳазор рубл табобат гирад.
то 25 ҳазор рубл - барои табобати амбулаторӣ;
то 25 ҳазор рубл - барои табобат дар маркази шикастабандӣ;
то 50 хазор сум — барои табобат дар беморхона.
Арзиши бима барои калонсолон ва кӯдак 5 ҳазор рубл дар як сол хоҳад буд.

Дар куҷо мешавад бима харидорӣ кард

Барои гирифтани бимаи тиббӣ, шаҳрванди хориҷӣ метавонад аз хидмати оддии онлайнӣ истифода кунад.
Барои ин бояд бо линки зерин ангушт зад:
намуди зарурии бимаи тиббиро интихоб кард;
муҳлати эътибори бимаи интихоб намуд;
маълумоти зарурӣ (ному насаб, соли таваллуд, рақами телефон, почтаи электронӣ, рамзи таблиғотӣ (агар бошад)-ро бояд пур кард;
маблағи муайяншударо пардохт бояд намуд.
Федератсияи муҳоҷирони Русия тавзеҳ дод, ки бимаи тиббӣ дар давоми ҳафт рӯзи тақвимӣ пас аз пардохти пул омода мешавад ва ба почтаи электронии зикршуда фиристода мешавад.
Аммо бимаи тиббӣ дар рӯзи ҳаштуми пардохт фаъол мешавад. Ҳама маълумот дар бораи муҳлати эътибор дар ҳуҷҷат ҳифз хоҳад шуд.
Федератсияи муҳоҷирони Русия ёдовар шудааст, ки барои гирифтани маслиҳати ройгон дар бораи қонунгузории муҳоҷират ва меҳнат дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба телефони боварии +7 963 997-42-10 ва +7 926 130-75-00 муроҷиат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0