Дидори вузарои хориҷаи Эрону Тоҷикистон: умедворӣ ба суботи Афғонистон дар нишасти Теҳрон

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Вазири хориҷа Тоҷикистон, ки барои ширкат дар дувумин нишасти ҳамсоягони Афғонистон ба Теҳрон сафар намуд, бо ҳамтои эронияш дидор кардааст
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон ва Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, зимни дидор ду вазир дар бораи охирин таҳаввулоти равобити ду кишвар, хусусан дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, равобити сиёсӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин дар ин дидор ба дидгоҳи Эрон дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо ҳузур ва ширкати тамоми қавмҳои Афғонистон таъкид карда, изҳори умедворӣ намудааст, ки ин дидор битавонад дар таҳқиқи хосту иродаи мардуми Афғонистон гоми муассире бардошта, ба субот, оромиш ва тавсеаи ин кишвар кумак кунад.
Эмомали Рахмон и Сайид Иброхими Раиси на пресс-конференции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Раҳмон ва Раисӣ хоҳони ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар Панҷшер шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз даъват барои ҳузур дар нишасти ҳамсоягони Афғонистон, ибрози хурсандӣ аз ҳузур раисҷумҳури кишвари Эрон ва ҳайати олирутбаи ҳамроҳаш дар иҷлоси Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон зарурати иҷроӣ кардани тавофуқоти руасои ҷумҳурии ду кишвар дар хилоли дидор дар Тоҷикистонро мавриди таъкид қарор дод ва сипари шудани 30 сол аз равобити ду кишварро ҳоизи аҳамият зикр кард.
Ёдрас менамоем, ки дар Теҳрон рӯзи 27-уми октябр дувумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала