"Чашми Дубай": Ифтитоҳи бузургтарин чархофалак дар ҷаҳон - видео

Баландии ин чархофалак тақрибан ба шаш бинои 12- ошёнӣ баробар аст. Дар он якбора то 1750 кас метавонад савор шавад. Як гардишаш ҳудуди 40 дақиқа тӯл мекашад
Бузургтарин чархофалаки ҷаҳон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ифтитоҳ шуд ва онро "Чашми Дубай" меноманд.
Баландии он 250 метр аст. Ин объект дар ҷазираи сунъӣ вокеъ аст.
Як гардиши чархофалак 38 дақиқа тӯл мекашад. Барои сохтмони он зиёда аз 11 тонна фулод ва қариб 2400 километр ноқил сарф шудааст.
Арзиши он 1,6 миллиард долларро ташкил дод.
Кабинаҳо на танҳо барои тамошо, балки барои шабнишинихо ва дигар чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд.
Дар як кабина то 40 нафар ҷой гирифта метавонад. Интизор меравад, ки чархофалакро ҳамасола тақрибан то 3 миллион нафар тамошо кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала