Истирдоди ду ихвонӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Кормандони интизомии Русия ду узви созмони мамнӯи "Бародарони мусалмон"-ро ба Тоҷикистон истирдод кард
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Русия чаҳор ҷинояткорро ба Тоҷикистон истирдод кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Додситонии кулли Русия.
Гуфта мешавад, ки ду боздоштшуда ба узвият дар созмони террористии "Ихвон-ул-муслимин" муттаҳам мешаванд.

"Додситонии кулли Русия чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро барои таъқиби ҷиноӣ ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон додааст", - омадааст дар хабари матбуотии Додситонии кул.

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба узвият дар созмони ҷиноии "Бародарони мусалмон", ки дар Русия мамнуъ аст, муттаҳам шудаанд.
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, муттаҳамон якҷо бо шариконашон мулоқотҳои пинҳонӣ баргузор карда, ҳаққи узвиятро ҷамъоварӣ ва пардохт мекарданд.
Предприниматель Тельман Исмаилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Русия аз Черногория истирдоди Телман Исмоилов, собиқ раҳбари бозори Черкизовро хостор шуд
Ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба тасарруфи маблағҳои калон аз ҷониби мақомоти интизомии маҳаллӣ муттаҳам мешаванд.
Боздоштшудагон ҳамроҳи корвони махсус, бо риояи тамоми чораҳои зарурии амниятӣ барои истирдод ба Ватан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон интиқол дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки фаъолияти созмони "Бародарони мусалмон" бо қарори Додгоҳи Олӣ аз соли 2006 дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала