Лавров: Ҳамсояҳои Афғонистон нагузоранд, нерӯҳои амрикоӣ дар хокашон мустақар шаванд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Вазири умури хориҷии Русия аз ҳамсоягони Афғонистон хост, то аз истиқрори нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар хоки худ ҷилавгирӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сергей Лавров дар як суханронии видеоӣ дар нишасти ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон гуфт: “Аз кишварҳои ҳамсояҳои Афғонистон мехоҳем иҷоза надиҳанд, нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО, ки пас аз хуруҷ аз Афғонистон мехоҳанд аз ин манотиқ раванд ва дар хоки кишварҳо ҳузури низомӣ пайдо кунанду мустақар шаванд”.
Вазири хориҷаи Русия дар идома гуфт, Амрико ҳамеша Афғонистонро танҳо василаи ҳалли вазифаҳои геополитикии худ медонад.
Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия, майли пайвастаи Ғарб барои табдили Афғонистон аз рӯи моделҳои худ боиси пайомадҳои фоҷиаборе, аз қабили душмании дохилӣ ва хунрезӣ, қутбӣ шудани ҷомеа, фурӯпошии иҷтимоӣ – иқтисодӣ фоҷеаи инсонӣ мунҷар шудааст.
Башня Азади в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Иҷлоси Теҳрон: Дар канори ҳам барои сулҳу тавсеа
Қобили зикр аст, ки дувумин нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки имрӯзҳо дар Теҳрон мегузарад, дар сатҳи вазирони умури хориҷа бо ҳузури муовини аввали раисҷумҳури Эрон оғоз шуд.
Дар ин нишаст вузарои хориҷаи Эрон, Тоҷикистон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шахсан ва вузарои хориҷаи Чину Русия ба сурати маҷозӣ ширкат карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала