Нишасти ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон

© Министерство иностранных дел ИранаВ Иране открылась министерская встреча соседних с Афганистаном стран
В Иране открылась министерская встреча соседних с Афганистаном стран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Имрӯз дар шаҳри Теҳрон дувумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба иловаи Русия оғоз шуд. Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Эрон Муҳаммади Мухбир дар маросими ифтитоҳи ин нишаст ширкат ва суханронӣ кард
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷии Эрон, Тоҷикистон, Покистон, Ӯзбакистон, Туркманистон ба таври ҳузурӣ, вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин ба таври маҷозӣ ё видеоӣ, инчунин теъдоде аз сафирони кишварҳои хориҷӣ ба унвони меҳмон ширкат мекунанд. Онҳо дар бораи вазъи кунании Афғонистон ва роҳҳои кумак ба мардуми ин кишвар бо мақсади рафъи мушкилоту чолишҳои ҷиддӣ баҳсу гуфтугӯ мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории "Форс".
Таҳаввули сареу ногаҳонӣ, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ дар пайи хуруҷи саросемавори ИМА, суқути ногаҳонии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва тасаллути "Толибон"* бар Афғонистон иттифоқ афтод, барои кулли минтақа паёмадҳои ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ ба миён овард. Бинобар ин бештари кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бовар доранд, ки рӯйкарди минтақаӣ бо пуштибонии СММ метавонад ба рафъи буҳрони кунунии Афғонистон кумак кунад.
Президент Ирана встретился с министром иностранных дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Таъкиди Раисӣ ва Муҳриддин бар тавсеаи равобити Эрону Тоҷикистон
Дар ин замина ҳаллу фасли фаврии масъалаҳои зерин муҳим дониста шудааст:
1. Зарурати иқдомоти ҷиддӣ барои таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон. Ҳукмронии як гурӯҳи қавмӣ ё мазҳабӣ бар тамоми кишвар маҳкум ба шикаст аст. Афғонистон як кишвари сермиллат аст, барои ба даст овардани эътимоди мардуми Афғонистон ва инчунин бархурдор шудан аз эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳукумате ба намояндагӣ аз тамоми афғонистониҳо ташкил шавад.
2. Саъю кушиши мавҷуд дар бобати расондани ёрии башардӯстонаи байналмилалӣ ба мардуми Афғонистон бояд дучанд гардад. Зеро зимистон наздик аст ва мардум ба кумакҳои башардӯстонаи фаврӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ кумак набояд ба масъалаҳои дигар вобаста карда шавад.
3. Таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба вуруди паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба кишварҳои ҳамсоя бояд ҷиддитар шавад ва дар заминаи кумак ба онҳо бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои ғарбӣ, саҳми ҷиддӣ бигиранд.
*-гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала