Обу ҳаво: Пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТаджикские дороги в Муминабадском районе
Таджикские дороги в Муминабадском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Ҳавои Тоҷикистон камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ҳавошиносони Тоҷикистон пешгӯӣ кардаанд, ки 27 октябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 8-13, дар баъзе ноҳияҳо то 14-19 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад., хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносӣ.
Ҳавои вилояти Суғд камабри бебориш мешавад, вале дар баъзе навҳоӣ меғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ ҳаво шабона шабона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш гузориш шудааст.
Давои ҳаво дар водиҳо шабона 8-8 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм аст. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм гузориш шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала