Омӯзгорон дар шаҳри Кобул хоҳони пардохти маошашон шуданд

© Sputnik / Kasra RoyШкольники в Афганистане, архивное фото
Школьники в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Омӯзгорон дар шаҳри Кобул аз гурӯҳи “Толибон”* хостаанд, ки маошҳои онҳо ва соири кормандони давлатӣ пардохт шавад
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Омӯзгорон дар Кобул аз “Толибон” хостаанд, қабл аз вуқуи фоҷеаи инсонӣ маоши омӯзгорон ва дигар кормандони давлатиро пардохт намоянд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.
Дар қатъномае, ки тавассути ин омӯзгорон дар шаҳри Кобул қироат шуд, омадааст, ки бо тасаллути “Толибон” бар кишвар ақшори мухталифи ҷомеа, аз ҷумла омӯзгорон дучори буҳрони шадиди молӣ ва иқтисодӣ шудаанд.
Дар ин қатънома таъкид шудааст, бар асари буҳрони шадиди иқтисодӣ, боло рафтани қимати маводи ғизоӣ ва фарорасии фасли зимистон сари вақт напардохтани маоши омӯзгорон ва дигар кормандони давлатӣ боиси фоҷеаи башарӣ мешавад.
Омӯзгороне, ки дар ғарби Кобул ҷамъ омада буданд, аз худкушии як ҳамтои худ дар ин шаҳр ва марги як корманди дигар мактаб дар Бадахшон хабар ва ҳушдор доданд, ки ин як нишонаи фоҷеаи башарию марги тадриҷӣ дар саросари кишвар аст.
Онҳо гуфтаанд, ки “Толибон”* ба унвони ҳокими феълии Афғонистон бояд маоши омӯзгорон ва дигар кормандони давлатиро пардохт кунад.
Студенты во время урока в университете в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Бозкушоии макотиб дар Афғонистон бе ҳузури духтарон: ЮНИСЕФ вокуниш кард
"Ҳарчанд маоши омӯзгорон дар Афғонистон ночиз аст, аммо асотиди фидокор ба ин маош басанда мекунанд ба шарте, ки маошашон сари вақт пардохт шавад", - таъкид кардаанд омӯзгорон.
Онҳо таъкид карданд, се моҳ аст, ки маош нагирифтаанд.
*- гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала