Қарзи “Барқи тоҷик” аз НБО “Сангтӯда-1” ба 2 миллиард сомонӣ наздик шуд

© Пресс-служба ОАО "Сангтудинская ГЭС-1"Сангтудинская ГЭС
Сангтудинская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Обуна шудан
Ширкати “Сангтӯда-1” эълон кардааст, ки ба далели пурра пардохт накардани пули барқи истеҳсолшуда қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз ин нерӯгоҳ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 29 окт – Sputnik. Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз НБО “Сангтӯда-1” дар 9 моҳи соли 2021 беш аз 390 миллион сомонӣ (беш аз 34,5 миллион доллар) афзудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии нерӯгоҳ.
Дар НБО-и "Сангтӯда-1" натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 ҷамъбаст гардид.
Ҳамин тариқ дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ интиқоли нерӯи барқ ​​1 миллиарду 705 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли гузашта 52,04 миллион кВт/соат ё 3,1 фоиз бештар мебошад.

"Сатҳи миёнаи пардохт аз аввали соли 2021 аз ҶСК "Барқи тоҷик" аз 37 дарсади арзиши нерӯи барқи додашуда зиёд нест, ки ин боиси афзоиши пайвастаи қарзи ин нерӯгоҳ мегардад", - гуфтанд дар НБО “Сангтӯда-1”.

Аз аввали соли 2021 қарзи ширкати "Барқи тоҷик" боз 390,84 миллион сомонӣ афзуда, ба ин тартиб дар умум ба1 миллиарду 990 миллион сомонӣ (беш аз 176,5 миллион доллар) мерасад.
Дар нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” соли ҷорӣ беш аз 180 таъмир анҷом шуда, маҷмуи машқҳои тактикӣ ва омӯзишӣ бо кормандони ин нерӯгоҳ гузаронида шудааст.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
"Барқи тоҷик" сабаби қатъи интиқоли нерӯи барқро шарҳ дод
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки корҳои техникӣ ва таъмирӣ дар нерӯгоҳи барқи обӣ тибқи ҷадвали тасдиқёфта анҷом дода мешаванд. Иҷрои барномаи таъмирӣ ба истеҳсоли ҳаҷми зарурии барқ ​​аз ҷониби НБО таъсир намерасонад.
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1", ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон маҳсули ин нерӯгоҳ аст.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1"-ро дар ихтиёр доранд.
Лентаи хабарҳо
0