Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи суботи марзӣ ба тавофуқ расиданд

© пресс-служба ГПС КРСмотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото
Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи иқдомот барои коҳиши муноқишаҳои марзӣ ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Намояндагони манотиқи марзии Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи коҳиши ташаннуҷ дар сарҳади ду кишвар ба мувофиқа расиданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС бо истинод ба дафтари матбуотии намояндаи ваколатдори раисҷумҳури Қирғизистон дар вилояти Бодканд.

"Дар деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон Абдукарим Алимбоев, намояндаи ваколатдори раисҷумҳури Қирғизистон дар вилояти Бодканд ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ҳукумати вилояти Суғди Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом доданд, то ҳодисаҳои марзӣ ва ҷилавгирӣ аз онҳоро баррасӣ намоянд”, - гуфт сухангӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби мулоқоти раҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу мақомоти маҳаллии ду ҷумҳурӣ тадобире барои коҳиши низоъ дар марз ироа шудааст ва зимнан тавофуқе аз тарафи ҳар ду ҷониб сурат гирифтааст.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон созишномаи марзӣ имзо карданд
Ҳамин тариқ тасмим гирифта шуд, ки ҳама гуна сохтмон дар наздикии "сарҳади шартӣ" қатъ гашта, ҳайвоноти ба ҳудуди ҳамсоя воридшуда ба ҳамдигар баргардонида шаванд ва ҷонибҳо барои пешгирии қочоқ чораҳои муштарак андешанд.
Дар ин росто ниҳодҳои интизомии манотиқи марзии Қирғизистону Тоҷикистон бояд дар ояндаи наздик тарҳи барномаи амалии муштарак барои ҳалли вазъ дар марзро таҳия ва мувофиқа кунанд.
Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.
Мақомоти ҳар ду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Президенти Қирғизистон гуфт, кай марз бо Тоҷикистонро боз мекунад
Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардошт. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала