Рубл боз гарон шуд: БМТ қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомониро эълон кард

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Обуна шудан
Давоми як рӯз дар Тоҷикистон арзиши пули русӣ нисбат ба сомонӣ боз як сомонӣ гарон шуд
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар асъорҳо тақвиятёбиро идома медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон боз боло рафта, ҳоло 1000 рубл ба 161 сомонию 50 дирам баробар аст баробар аст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта дар кишвар барои 1000 рубл 160 сомонӣ медоданд ва аз аввали моҳ бошад, шаш сомонӣ камтар буд.
Яъне асъори русӣ давоми чор ҳафта беш аз 7 сомонӣ боло рафт, ки чунин нишондиҳанда дар гузашта набуд.
Символ рубля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро рубл суқут намекунад
Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои рӯзи гузашта гузашта (11.2485) боз коҳиш ёфта, ҳоло дар кишвар барои як доллар 11.2450 сомонӣ медиҳанд.
Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир дар ҳоли ноустувор қарор дорад ва ҳоло дар Тоҷикистон барои 1 евро 13.0701 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1615 -1630 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1585 то 0.1620 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1555 то 0,1615 сомонӣ нишон дода шудааст.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Иқтисоддон гуфт, ки аз доллар дар соли 2022 чиро интизор бояд шуд
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0