Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Русия ба Афғонистон дору ва ғизо мефиристад

Беженцы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Русия барои фиристодани ғизо ва дору ба Афғонистон омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия ният дорад, дар ояндаи наздик ба Афғонистон кумаки башардӯстона фиристад.
Вай дар ин бора зимни суханронӣ дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон (Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон), ки рӯзи 27 октябр дар Теҳрон баргузор шуд, иттилоъ дод.

"Дар ояндаи наздик мо тасмим дорем, ки барои шарикони афғонамон як бастаи кумаки башардӯстонаи аз ғизо, дору ва колоҳои заруриро фиристем", - гуфт Лавров.

Кумаки башардӯстона аз ғизо, доруворӣ ва молҳои зарурӣ иборат хоҳад буд. Лавров замони фиристодани кумакро мушаххас накард.
Қаблан раҳбарони G20 тасмим гирифта буданд, ки ба Афғонистон кумаки башардӯстона фиристанд. Ҳамин тариқ зарурати расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон тавассути созмонҳои мустақили байналмилалӣ садо дод.
Беженцы из зоны боевых действий в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Кӣ бештар - паштунҳо ё тоҷикон: "Толибон"* дар Афғонистон нуфусшуморӣ мегузаронанд
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои Амрико муташанниҷ шуд. То нимаи моҳи август "Толибон"* ҳама шаҳрҳои бузурги Афғонистонро ишғол кард.
Ҳамзамон, ҷангҷӯён кафолат доданд, ки нияти ҳамла ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Миёнаро надоранд.
* - созмони террористи мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала