ВУХ Тоҷикистон: Афғонистонро ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ таҳдид мекунад

© AFP 2021 / NICOLAS ASFOURIАфганские жители идут по улице во время снегопада в Кабуле, архивное фото
Афганские жители идут по улице во время снегопада в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, бетаваҷҷуҳии ҷаҳониён ба вазъ дар Афғонистон метавонад ба "ҷанги нави шаҳрвандӣ" мунҷар шавад
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи вахомати авзоъ ва натоиҷи он дар Афғонистон изҳори назар кард.
Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон дар бораи бетаваҷҷуҳии ҷаҳониён ба мушкилоти Афғонистон гуфт.
Сироҷиддини Муҳриддин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба авзоъ дар Афғонистон метавонад боиси "ҷанги нави тӯлонии дохилӣ" шавад.

"Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ҳарчи зудтар барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсии кишвар тавассути музокирот талош кунанд", - гуфт вазири хориҷаи Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки дар нишасти вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон вузарои умури хориҷии Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дидору гуфтугӯ дошт.
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Муҳриддин аз ҷойгоҳи тоҷикону эътирофи "Толибон"* гуфт: Ба расмият намешиносем
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунии минтақа, аз ҷумла авзои марзи Афғонистон табодули назар карданд.
Раисҷумҳури Эрон гуфт, давлати ӯ ҷонибдори он аст, ки Афғонистон ба "ташкили ҳукумати фарогир" бирасад.
ВКХ Тоҷикистон аз фаъолшавии террористҳо дар наздикии марз бо Афғонистон хабар дод
Ба гуфтаи ӯ, ин барои таъмини амнияти кишвар, хотима бахшидан ба ҷанг ва бародаркушӣ муҳим аст.
Душанбе ва Теҳрон дар мавриди ҳамоҳангӣ ва ташкили мавзеъгирии муштарак дар бораи Афғонистон ба мувофиқа расиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала