Тоҷикистон тавлиди энергияи "сабз"-ро ду баробар афзоиш медиҳад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Феълан Тоҷикистон 98 фоизи барқро аз тариқи нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мекунад
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тоҷикистон истеҳсоли энергияи “сабз”-ро то соли 2050 ду баробар афзоиш медиҳад, изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои мавзӯии сатҳи баланди СММ таҳти унвони "Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим".
Кишвардор саҳми Тоҷикистонро дар пешгирӣ аз раванди гармшавӣ мусбат арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳиссаи кишвар дар ҳаҷми глобалии партовҳо дар сатҳи пасттарин қарор дошта, ҳамагӣ сифру аз даҳ ҳазор се (0,0003) фоизро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди ин Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созишномаи Порис ихтиёран уҳдадор гардид, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаиро аз 80-90 фоизи сатҳи соли 1990 зиёд накунад.
Вале ба қавли раисҷумҳур, дар сурати мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рақам метавонад то 65-75 фоизи нишондиҳандаи ибтидоӣ коҳиш дода шавад.
"Бо дарназардошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ, мо ният дорем, ки иқтидорҳои худро оид ба истеҳсоли энергияи “сабз” то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Бино ба иттилои президент, Тоҷикистон феълан 98 фоизи барқи худро аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз лиҳози фоизи тавлид ва истифодаи "энергияи сабз” дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
"Ба қадри бунёди иншооти нави гидроэенргетикӣ, бахусус нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт кишвари мо дар ин раддабандӣ ба ду зинаи дигар боло мебарояд", - бовар дорад кишвардор.
Сангтудинская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Қарзи “Барқи тоҷик” аз НБО “Сангтӯда-1” ба 2 миллиард сомонӣ наздик шуд
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро ҷиҳати татбиқи барномаҳои барқарорсозии ҷангалҳо ва васеъ кардани майдони ҷангалпарварӣ таъкид кард.
Тибқи Созишномаи Порис, чанде пеш Тоҷикистон ба Котиботи Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлими Созмони Милали Муттаҳид намунаи нави Саҳми муайянкунандаи партовҳои газҳои гулхонаиро дар сатҳи миллӣ омода ва пешниҳод намуд.
Расидан ба ҳадафҳои гузошташуда бе захираҳои зарурӣ, яъне сармоя, илм ва технология метавонад солҳои зиёд тӯл кашад. Аз ин рӯ барои бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода чун ҳарвақта масъалаи ниҳоят мубрам боқӣ хоҳад монд, хулоса кард Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала