Вазири хориҷаи Чин: Ҳама бояд барои таҳаққуқ оромиш дар Афғонистон бо ҳам кумак кунем

© REUTERS / Jason LeeМинистр иностранных дел КНР Ван И
Министр иностранных дел КНР Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Вазири хориҷаи Чин дар Нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфт, умедворем, ки ҳамагӣ битавонанд ба таҳаққуқи сулҳу оромиш дар Афғонистон кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Теҳрон Нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҷараён дорад. Бо таъкид бар аҳамияти ин нишаст Чин ва Покистон ба идомаи ҳамкориҳо барои беҳбуди вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон итминон доданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ӯ дар Нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон гуфт, ки бо баргузории ин нишаст роҳҳои муассири дипломатӣ барои ҳалли мушкили Афғонистон эҷод шудааст.
Вазири умури хориҷаи Чин Ван И гуфт: "Чин дар мавриди Афғонистон, аз ҷумла дар Кобул машваратҳои мухталиф анҷом дод".
Дипломати чинӣ таъкид кард, ки Пекин ҳамкориҳои худро бо кишварҳои дигар барои беҳбуди вазъи иқтисодии мардуми Афғонистон идома хоҳад дод.
Заместитель министра иностранных дел Исламской Республики Иран Хосейн Амир Абдоллахийан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Амирабдуллоҳиён: Мақомоти Афғонистон масъули амнияти шаҳрвандон ва марзҳоянд
Дувумин Нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки дар шаҳри Теҳронт баргузор шуд, дар сатҳи вузарои умури хориҷӣ бо ҳузури муовини аввали раиси Эрон оғоз гашт.
Дар ин нишаст вузарои хориҷаи Эрон, Тоҷикистон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шахсан иштирок доштанду вузарои хориҷаи Чин ва Русия дар шаклди маҷозӣ ширкат карданд.
Аммо намояндаҳои “Толибон” (гурӯҳи мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) ба ин нишаст даъват нашудаанд
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати “Толибон”, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ин гурӯҳ гуфт: "Иҷлоси Эрон нишасти ҳамсояҳои Афғонистон аст. Мо ба ин нишаст даъват нашудаем ва дар он танҳо ҳамсоягони Афғонистон ширкат хоҳанд кард".
Оқои Муҷоҳид дар бораи масъалаҳое, ки дар ин нишаст матраҳ мешаванд, чизе нагуфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала