Заҳролудшавии ҷамъӣ дар Қирғизистон: теъдоди беморон аз 200 нафар гузашт

© PixabayСуши
Суши - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Муроҷиати оммавии мардум ба беморхонаҳо дар рӯзҳои истироҳат расонаӣ шуд. То имрӯз теъдоди беморон аз 200 нафар гузашт
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Теъдоди шаҳрвандоне, ки бо заҳролудшавӣ аз ғизо ба бемористонҳои Қирғизистон муроҷиат кардаанд, ба 253 нафар расидааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Қирғизистон.
Мардум на танҳо ба беморхонаҳои Бишкек, балки дар вилояти Чуй ҳам бинобар масмумият ба табибон муроҷиат мекунанд.
Ҳамин тавр 60 нафар аз шаҳрвандон дар беморхонаҳо табобат мегиранд, ки 23 нафари онҳо дар Беморхонаи миллӣ, 19 кас дар беморхонаи роҳи оҳан ва 18 тани дигар беморхонаи шаҳрии ёрии таъҷилии клиникии бачагона бистариянд. Вазъи ҳамаи беморон муътадил арзёбӣ мешавад.
Ёдрас менамоем, ки нахустин ҳолатҳои заҳролудшавӣ рӯзҳои 23-24 октябр ошкор шуд. Он замон 12 шаҳрванди Қирғизистон бо заҳролудшавӣ аз ғизо ба бемористон муроҷиат карданд.
Палата в больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Дар қаҳвахонаи маъруфи Бишкек 12 нафар заҳролуд шуд
Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ хабар дод, ки маризон дар чаҳор бахши қаҳвахонаи "Империя Пицца" дар Бишкек "суши" (ғизои маъмулии ҷопонӣ - шарҳ аз идора) истеъмол кардаанд.
То субҳи 25-уми октябр теъдоди заҳролудшудагон ба 85 нафар расид.
Бомдоди 26-уми октябр теъдоди онҳо ба 179 нафар расид, ки 18 нафарашон кӯдакон аст.
Аз 25 октябр Вазорати беҳдошти Қирғизистон дар бораи заҳролудшавӣ гузориш нашр мекунад, аммо макон ва сабаби заҳролудшавӣ мушаххас гуфта намешавад.
Мигранты у здания УФМС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Заҳролудшавии муҳоҷирон дар ҳостели Маскав: яке ҷон бохт - акс
Дар баёнияҳои матбуотӣ ибораи “заҳролудшавии оммавӣ дар Бишкек” истифода мешавад.
Ҳамаи филиалҳои тарабхонаи "Империя Пицца" то анҷоми тафтишоти эпидемиологӣ баста ва дар Қирғизистон мораторияи санҷиши муассисаҳои истеҳсолу фурӯши маводи ғизоӣ лағв шудааст.
Нисбати маъмурияти филиалҳои "Империя Пицца" дар бораи ҷарима ба маблағи 30,5 ҳазор сум панҷ протокол тартиб дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала