"Зарафшон" - бузургтарин корхонаи тиллои тоҷик дигарбора ба кор даромад

Золото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Баъди таъмири куллӣ дар шимоли Тоҷикистон корхонаи коркарди тило дубора ба фаъолият шуруъ кард
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Панҷакент хатти истеҳсолии корхонаи тоҷику чинии "Зарафшон" ба кор даромад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки сохтмони корхонаи коркарди тиллои рақами 1 барои коркарди маъдани кони "Тарор" соли 2010 оғоз шуда, як сол баъд корхона ба кор даромад.
Баъди ба кор даромадани корхонаи муштараки "Зарафшон" дар як шабонарӯз 2 ҳазор тонна маъдан коркард мекард, аммо соли 2020 корхона ба корҳои таъмиру ба кор андохтани хатти нави технологӣ шуруъ намуд.

"Баъди азнавсозӣ иқтидори коркарди шабонарӯзии корхона 3 ҳазор тонна маъдан аст", - омадааст дар иттилоия.

Арзиши тарҳи корҳои тармим бо назардошти зерсохтор 80 миллион сомониро (беш аз 7 миллион доллар) ташкил додааст. Дар он бештар аз 200 нафар кор хоҳад кард.
Золото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Дар Тоҷикистон 4,2 ҳазор нафар ҳуқуқи истихроҷи сангҳои қиматбаҳоро ба даст овардаанд
Қобили зикр аст, ки корхонаи муштараки "Зарафшон" дар якҷоягӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати маъдани "Зиҷин" тааллуқ дорад. Тоҷикистон 30% ва Чин 70%-и саҳмияи онро мегиранд.
"Зарафшон" яке аз калонтарин корхонаҳои саноати истихроҷи тилои ҷумҳурӣ буда, дорои маҷмуи тақрибан мукаммали технологӣ: истихроҷ, коркард ва металлургия – коркарди тилло барои ба даст овардани хиштҳои тайёри тилло мебошад.
Тамоми ашёи хом аз конҳои тиллои "Тарор"-и шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд истихроҷ мешавад.
Дар соли 2018 корхона 4,1 ҳазор кило (146,8 ҳазор унсия) тилло тавлид кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала