Блогери тоҷики муқими Русияро 10 моҳи ҳабс таҳдид мекунад

© РИА НовостиБлогер из Таджикистана Руслан Бобиев и его подруга
Блогер из Таджикистана Руслан Бобиев и его подруга - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Обуна шудан
Ҳукми ниҳоии блогери тоҷик Руслан Бобиев ва ҳамтои ӯ Анастасия Чистова рӯзи 29 октябр эълон мешавад
ДУШАНБЕ, 28 октябр — Sputnik. Блогери тоҷик Руслан Бобиев шояд ба 10 моҳи ҳабс маҳкум шавад, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ӯро барои таҳқири эҳсоси диндорон дар зимни нашри акси ғайриахлоқӣ дар пасманзари калисои Василий ба 10 моҳи ҳабс маҳкум хоҳанд кард. Илова бар ин Анастасия Чистова, блогер ва модели рус, ки ҳамроҳи ӯ акс гирифта буд, шояд ҳамин гуна ҷазо гирад.
"Дар баҳси ҷонибҳо додситон хостааст, ки ҳардуи онҳо ба 10 моҳ дар колонияи низомаш умумӣ маҳкум шаванд", - омадааст дар хабар.
Ҳукми ниҳоии ҳар ду блогерон рӯзи 29 октябр эълон мешавад.
Бобиев дар аксҳое, ки бо Анастасия Чистова дар либоси корманди пулис дар пеши ибодатгоҳи масеҳиён дар маркази Маскав гирифтааст, як мавриди ғайриахлоқиро ба намоиш мегузорад, ки нашри он дар шабакаҳо шӯр барангехт. Баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо бо ҳабси блогер анҷомиданд.
Руслан Бобиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Русдухтаре, ки ҳамроҳи Бобиев назди калисои Маскав акс гирифт, аз мардуми Русия узр пурсид
Худи Бобиев дар як наворе зимни бозпурсияш бо узрхоҳӣ изҳор доштааст, ки дигар чунин корҳоро нахоҳад кард.
Ҳамчунин Чистова низ дар сафҳаи "Instagram"-и худ аз кулли ҷомеаи Русия узр пурсид. Ӯ изҳор дошт, ки танҳо шуҳрату маъруфият мехост, вале ҳоло арзиши чунин шуҳратро дарк кардааст.
Лентаи хабарҳо
0