Бонки Ҷаҳонӣ: Оилаҳои тоҷик хӯрдани ғизоро кам кардаанд

© Sputnik Амир ИсаевПредпраздничный базар накануне Ид-аль-фитр
Предпраздничный базар накануне Ид-аль-фитр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Дар Тоҷикистон теъдоди хонаводаҳое, ки хӯрдани ғизоро кам кардаанд, афзоиш ёфтааст, аммо БҶ пешгӯии тасаллибахш ироа додааст
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи гузориши ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ "Камбағалӣ дар Тоҷикистон - 2021", дар ҷумҳурӣ мизони каме аз коҳиши фақр пешбинӣ шудааст.
Бонки Ҷаҳонӣ дар соли ҷорӣ коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистонро дар муқоиса бо соли 2019 0,1% пешбинӣ кардааст. Ҳамин тариқ дар соли 2021 шумораи камбизоатон дар ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон дар ин гузориш қайд мекунанд, ки дар нимаи дуюми соли 2020 рифоҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолии Тоҷикистон пас аз хуруҷи коронавирус коҳиш ёфт.
Многодетная семья в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
БҶ: пандемия ба некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон зарба зад
Ба гуфтаи гузоришгарон, 9,2 фоиз боло рафтани нархи маводи ғизоӣ дар баробари кам шудани даромади музди меҳнат боиси коҳиши амнияти озуқаворӣ гардид.
Ҳиссаи хонаводаҳое, ки дар бораи коҳиши хӯрдани ғизо гузориш додаанд, дар моҳи августи соли 2021 то 33% зиёд шуда, дар ҳоле ки дар моҳи август ин шохис ба 28% мерасид.
Илова бар ин дар моҳҳои январ-август бахше аз хонаводаҳое, ки даромади расмӣ аз музди меҳнат доранд, то 1% коҳиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 2 дарсад камтар аст.
Табличка с логотипом Международного валютного фонда на стене здания МВФ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
БҶ коҳиши касри буҷаро дар Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад
Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, бо сабук шудани маҳдудиятҳо барои хуруҷ аз кишвар дар соли 2021 теъдоди бештари муҳоҷирони корӣ ба хориҷ рафтанд. Аз ин рӯ, ҳиссаи хонаводаҳое, ки маблағҳои интиқолӣ мегиранд, тадриҷан аз 11 то 16 фоиз афзуд.
Аз нигоҳи афзоиши воқеии ММД, он дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 8,7 фоиз афзуд.
Гуфта мешавад, ки соли 2020 дар чаҳорчӯби тарҳи маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ ба 65 ҳазор оилаи камбизоат, ки кӯдакони то 3-сола доранд, ба маблағи 32,5 миллион сомонӣ (2,8 миллион доллар) ҷуброни пулӣ дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала