Бориши барфу борон ва фарорасии сардиҳо: дамои ҳавои Тоҷикистон барои 28 октябр

Повседневная жизнь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва дар доманакӯҳҳо барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво шабона 7-9 дараҷа хунук рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок пешгӯӣ шуда, рӯзона дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Тучи над горной местностью  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоид ва сардию барфу борон
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар охири рӯз ҳарорати ҳаво паст шуда ҳарорат ба 1-6 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8, рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала