Чин бо харҷи 100 миллион сомонӣ барои Тоҷикистон дар ВМКБ пойгоҳи вижа месозад

© The Washington PostВоенная база пограничников
Военная база пограничников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Чин дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 100 миллион сомонӣ пойгоҳ месозад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ҷумҳурии Мардумии Чин қасд дорад, дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон барои мубориза алайҳи ҷиноёти созмонёфта пойгоҳи вижа бунёд кунад.
Тарҳи ин созишнома дирӯз дар парлумони Тоҷикистон тасвиб шуд.
Ин пойгоҳ барои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хоҳад буд.
Чин барои сохтмон ин пойгоҳ ҳудуди 100 миллион сомонӣ (тақрибан 9 миллион доллар) ихтисос медиҳад.
Пойгоҳ бар асоси созишномаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин сохта мешавад.
“Дар чаҳорчӯби созишномаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар Чин барои бунёди пойгоҳи гурӯҳи зудамали Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар дараи Вахони ноҳияи Ишкошими ВМКБ кумаки бебозгашт мерасонад", - гуфт Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумон.
Ба гуфтаи вай, тамоми таҷҳизоте, ки дар ҷараёни бунёди пойгоҳ аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ озод хоҳанд шуд.
Заместитель министра иностранных дел Республики Таджикистан Фарход Салим принял Поверенного в делах Посольства Китайской Народной Республики в Республике Таджикистан Чэн Дайвэня - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Созиши Тоҷикистону Чин барои аз нав муҷаҳҳаз сохтани гузаргоҳҳои марзӣ
Дар худуди пойгоҳ биноҳои маишӣ ва корӣ сохта хоҳанд шуд. Ин иншоот бо дархости ҳукумати Тоҷикистон сохта мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон ва Чин дар мавриди таҷҳизи гузаргоҳҳои марзӣ тавофуқ кардаанд.
Инчунин бояд гуфт, ки ВМКБ бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала