Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Вазъи вахими COVID-19 дар Русия: гирифтории беш аз 40 ҳазор кас дар як рӯз

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксЛечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Бинобар суръати зиёди паҳншавии COVID-19 дар Русия аз 30 октябр то 7 ноябр рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шуд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Ситоди фаврии муқобила бо коронавирус, дар Русия ҳадди аксари нави гирифторони COVID-19 дар як рӯз сабт шудааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 40 096 нафар гирифтори ин вабои аср шудааст. Дар маҷмуъ аз аввали ҳамагирӣ то кунун аз 8 392 697 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ дар ин кишвар гузориш мешавад.

"Дар як рӯзи охир дар 85 минтақаи Русия 40 096 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус (COVID-19) тасдиқ шуд. Аз ҷумла 3 539 (8,8%) маврид бидуни нишона сабт шуд", - омадааст дар хабар.

Суръати афзоиш 0,48% аст, менависад РИА "Новости".
Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбеи 28 октябр дар Маскав бар асари эпидемияи коронавирус таътил эълон шуд. Ҳамин тавр кори тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дӯконҳои либос, клубҳои фитнесс, китобхонаҳо ва дигар муассисаҳо мутаваққиф шуд.
Вакцинация от коронавируса иностранцев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гинсбург роҳеро нишон дод, ки 100% аз коронавирус муҳофизат мекунад
Қаблан шаҳрдор эълон карда буд, ки коронавирус бо сенарияи бадтарин дар Маскав рушд мекунад, шумораи ҳодисаҳои нав ва мавориди вазнини ин беморӣ меафзояд.
Мизони нокифояи эмгузаронӣ низ яке аз сабабҳо унвон мешавад. Дар Маскав рӯзҳои ғайрикорӣ аз 28 октябр то 7 ноябр эълон гашт ва эҳтимол аст, ин муҳлат тамдид шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала